ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

   Боиси ифтихору сарфарозӣ ва шарафмандии сокинони сарбаланди вилояти Хатлон аст, ки дар арафаи тантанаҳои ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун иштирок намуданд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат таҷассумгари нуфуз ва мартабаи ин санаи таърихӣ буда, дар масири сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи наверо боз кард.
   Вохӯрии Пешвои муаззами миллат бо фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара бори дигар мардумро ба ободкорию созандагӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию саноат, тақвият бахшидани фазои сармоягузорӣ дар кишвар, захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ ба хотири таъмини зиндагии шоиста ва пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот дар бозори дохилӣ, истифодаи мақсадноки замин ва рӯёнидани ҳосили фаровон ҳидоят намуд.
   Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиштагии меҳан заҳматкашони сарбаланди вилояти Хатлон бо як азму иродаи қавӣ, роҳнамоиҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишварро шиорномаи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, онро дар амал татбиқ намуда истодаанд.
   Воқеан ҳам Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид ва аз ҳамон сол инҷониб ин санаи муҳиму фараҳбахш ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад. Аз нигоҳи таърихӣ ва моҳияти тақдирсозии миллати тоҷик дар радифи Истиқлоли давлатии кишвар Ваҳдати миллӣ барҷастатарин воқеа дар охири асри 20-ум маҳсуб мешавад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ рушд карда, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард.
   Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯз бояд тамоми мардуми вилоят, махсусан, насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи оро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум мегардад.
   Дар ин росто нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар таҳкиму устувории пояҳои Ваҳдати миллӣ басо арзишманду назаррас арзёбӣ намудан ба маврид аст. Зеро Пешвои миллат бо иродаи шикастнопазирии худ, таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротии он замон, муборизаҳои дохилӣ, гуфтушунидҳои дарозмуддат ва интизориҳои зиёд бо сабру таҳаммул тавонист дар кишвар ваҳдати сартосариро таъмин намояд.
   Қобили зикр аст, ки аввалин пояҳои сулҳу субот дар Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба обдокорӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекарданд.
   Вале дар гӯшаю канорҳои гуногуни Тоҷикистон тахрибкорӣ идома ёфта, имкон намедод, ки мардум зиндагии осоишта ба сар барад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат боз бо забони сулҳпарастӣ ба гурӯҳҳои мухолифин муроҷиат намуданд: «Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем, Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем». Ин суханони пурарзишу ҳикматомез рисолати худро иҷро карда, сарҷамъию якдилиро дар кишвар таъмин намуд.
   Бо шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта, баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.
   Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ, рушду тараққиёти соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ, иқтисодию иҷтимоӣ оғоз гардида, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат 4 ҳадафи стратегиии Тоҷикистон баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардид, ки ин ҳама самараи ваҳдати миллӣ дар мамлакат мебошад.
   Мехоҳам бо истифода аз ин фурсати муносиб ёдовар гардам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар ноҳияи Данғара бо аҳли ҷамоатчигии вилоят таъкид карданд, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, низоъҳои минтақавӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардааст.
   Бо назардошти вазъи феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки дар шароити имрӯза тамоми мардум, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ карда, бо ташкили гурӯҳҳои корӣ масъалаи истифодаи мақсадноки замин, коркард ва ҷамъоварии ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, захирасозии маҳсулот барои ду соли оянда, пешгирии исрофкорию зиёдаравӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо дар ҳар  як шаҳру ноҳия ба роҳ монда истодааст. 
   Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон чунин имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат фаровонанд ва кишоварзони вилоят дар шароити ҳассоси имрӯза метаво нанд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошанд. Инчунин, вобаста ба шароити иқлим вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хусусиятҳои хоси худро дошта, имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардумро дорад.
   Боварии комил дорам, ки кишоварзони қавииродаи вилоят дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самти муҳим фаъолиятро пурзӯр карда, баҳри таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аълосифат ва фаровонии дастархони мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
   Дар дастаҷамъӣ ва иттифоқию иттиҳодӣ мо-мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилояти Хатлон, метавонем дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузорӣ карда, ба ин васила сатҳу сифати зиндагии мардумро беҳтар ва бо меҳнати суботкорона бозори дохилиро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоем.
   Ҳамзамон, омодагиро ба истиқболи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба вусъат бахшида, бо итминони комил дар роҳи расидан ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, бо беҳдошти рӯзафзуни рӯзгори иҷтимоӣ зиндагии шоистаи мардуми вилоятро таъмин хоҳем кард.
   Ин ҳадаф моро боз ҳам бо неруи бузурги якдилию якмаромӣ, садоқатмандӣ ба сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсан ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат шарафёб мегардонад. Зеро Ваҳдати миллӣ ҷавҳари ҳама марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди тоҷик аст.
   Бори дигар 25-солагии Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Хатлон шодбош гуфта, пешравиву саодатмандӣ, рӯзгори пурфайзу эҳсонро таманно менамоям ва барои рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ба ҳар яки шумо барору комёбиҳо орзумандам.

Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!
Похожие новости:
Добавить комментарий