Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Се ҳавзи шиноварӣ бунёд хоҳад шуд
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бунёди се ҳавзи шиноварии замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре зимни суҳбат мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ зикр кард, ин ҳавзҳо аз ҳисоби соҳибкорон бунёд хоҳанд шуд. Ҳавзҳое, ки сохта мешаванд, ду адади он болопӯшида буда, дар маҳаллаи Хатлони шаҳр бунёд карда мешаванд.
Номбурда афзуд, ки набудани ҳавзҳои шиноварӣ яке аз мушкилоти асосии шаҳри Бохтар ба ҳисоб рафта, аз ноилоҷӣ ҷавонону наврасони шаҳр дар кўлу дарёҳо ба шиноварӣ машғул мешаванд.
Феълан дар шаҳри Бохтар се ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки як адади он бинобар сабаби таъмирталаб будан фаъолият намекунад.
“Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳавзҳои шиноварии нав мушкилоти набудани ҷойҳои махсуси оббозӣ дар шаҳри Бохтар то ҷое бартараф хоҳад шуд”, - гуфт Рухшонаи Шералӣ.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



