Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон- диёри чакан
Сад қиссаи гулафшон,
Сад роз дар он пинҳон.
Овои ҳазор достон,
Сеҳри чакани Хатлон.
Вилояти Хатлонро диёри чакан ном мебаранд, ки бемуҳоббот ватани аслии чакану чакандўзон маҳсуб меёбад. Беҳтарин чакандўзони чирадасту моҳир тахайюлоти рангини хешро рўи матоъҳои абрешимӣ оварда, беҳтарин гулдўзиҳои нотакрору қашанг ва дидараборо дар ин макон меофаранд. Чакан, ки бо рангҳои зебову ҷодуӣ ва риштаҳои рангорангу нафис омода мегардад, диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад.
Чакан таърихи қадима дошта, нишон аз фарҳанги бою миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Анъанаи чакандўзию чаканпўшӣ аз насл ба наслҳо ба мерос монда, дар шакли тозаву ҷаззоб то замони мо расидааст. Дар гузашта чакан либоси ашрофону одамони доро маҳсуб меёфт. Имрўз чакани тоҷикӣ ифодакунандаи рангҳои тозаи зиндагӣ, хушию хуррамӣ, зебоиву сафо, офтоби тобон, шодию сурур аст.
Бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар 29 ноябри соли 2018 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи солонааш чаканро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ муяссар гардид. Дар даврони истиқлолият санъати чакандўзӣ рушд намуда, шуҳрати тоза касб намуд. Дар кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ марбут ба эҳё ва рушди санъати чакандўзӣ баргузор мегарданд, ки ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ мебошад. Фестивали «Сад ранги чакан», «Ҷилваи чакан», «Хандаи ҳусн», «Ҷилои рангҳо», «Тоҷикона» мепўшем ва даҳҳо чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятиву дигар аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки тарғибгари фарҳанги асили миллии мост. Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар вилоят марказҳои чакандўзӣ ифтитоҳ гардида, ҳунармандон намунаҳои зебову замонавии онро пешкаши занону бонувон мегардонанд.
Соли 2005 дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияти маҳдуди «Чакан» таъсис ёфт, ки чеварони забардасти минтақаи Кӯлобро дар як марказ ҷамъ оварда, мувофиқи фармоиш пироҳану дигар намуди кашидадўзиҳои қашангу зеборо омода мекунанд. Маҳсули дастони пурэъҷози ин ҳунармандон- чаканҳои хатлонӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамасола дар шаҳри Кўлоб фестивали «Сайри чакан» баргузор гардида, дар доираи он маҳсули дасти ҳунармандони чирадасту хушзавқи 25 шаҳру навоҳии вилоят ба намоиш гузошта мешавад. Инчунин чорабиниҳо ба рушди чакандузӣ ва тарғибу ташвиқи сарулибоси миллӣ ва ҳисси хештаншиносию зебоипастии бонувон мусоидат менамояд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



