Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
14 июн 16:43АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ
“Юлдуз”- қурути ташнашикан
Моҳи марти соли ҷорӣ бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардии Лоиҳаи USAID «Оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” як гурўҳ соҳибкорзанҳои вилояти Хатлон, ки бевосита ба боғдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғуланд ба Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар намуданд. Дар ин сафари омўзишӣ иштирокдорон бо фаъолияти калонтарин ширкатҳои коркардкунандаи меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ошно шуданд. Ин сафар баҳри баланд бардоштани сатҳи шуғл ва беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ба воситаи такмил додани рақобатпазирии соҳаи агробизнес дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои соҳибкорзанҳои ватанӣ имкон дод, ки дар риштаи истеҳсолот навгониҳо ворид намуда, чандин занҳои хонашини дигарро соҳиби шуғлҳои даромаднок намоянд.
Соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Носири Хусрав Юлдуз Пардаева ҷавонтарин иштирокчӣ дар ин гурўҳ буд, ки бо истифода аз маслиҳати мутахассисон талош дорад қурути ватаниро бо ранг, шакл ва бренди махсус натанҳо дар марказҳои савдо, балки дар дорухонаҳои кишвар ба фурўш бароварда, ҳамзамон маҳсулоти худро берун аз кишвар содирот намояд. Ӯ барои истеҳсоли қурути ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ аз 15 нафар занҳои хонашин маҳсулоти шириро нақдӣ харида, онро коркард ва ба бозори истеъмолӣ мебарорад.
“Мо дар ноҳияи наздисарҳади зиндагӣ мекунем, азбаски дар минтақаи мо ҷойҳои корӣ камтар аст, бештари мардҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бонувони деҳаҳо бештар ба хоҷагидорию чорводорӣ машғуланд, аммо бештари онҳо роҳҳои рушди тиҷорати худро намедонанд. Ба ин хотир вақте аз Ўзбекистон баргаштам, ба бонувони деҳа гуфтам, ки барои даромади пулӣ пайдо намудани онҳо чакаи хонагиашонро мехарам. Ҳамин тариқ, ҳамарўза аз ҳар яки онҳо 2 килограмми чакаро баробар бо нархи бозор харидорӣ мекунам. Ҳамакнун, ҳамсояи наздикамон, ки солҳо интизори аз Россия маблағ фиристодани шавҳараш буд, инак рӯзе ба ман то 4 килограмм чака фурўхта, рўзгори оилаи худро пеш мебарад”-мегўяд Юлдуз.
Ноҳияи Носири Хусрав, ки дар масофаи 120 километр дуртар аз шаҳри Бохтар ҷойгир аст, минтақаи гармтарин ба шумор меравад ва дар ин ноҳия одатан занҳо бо усули момоӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон қурут омода мекунанд. Зеро, дар гармии ҳаво чака аз худ равған бароварда, меҳнати дастиашонро ба сифр баробар мекунад. Ин мушкилро оилаи Пардаевҳо низ доштанд.
“Аз хурдӣ дар мавзеи “Чилу чор чашма” якмос мефурўхтам ва мушоҳида мекардам, ки талабот ба қурут низ зиёд аст. Он вақтҳо мо 9 сар гов доштем, ки 4 тоаш ҷушо буд ва аз модарам хоҳиш мекардам, ки ширро сарфа намуда, қурут кунем. Солҳои пеш ин корро бо даст анҷом медодем. Ба назар кори душвор нест, аммо вақти зиёд ва қувваи корӣ талаб мекунад. Илова бар ин, ҳаҷман қурутҳо аз ҳамдигар фарқ доштанд. Барои хуштамъ шуданаш низ бо маслиҳати нафарони таҷрибадор ба хамираш каме райҳон ё қаламфури хушк илова карда, ба лаълиҳо гирифта болояшро бо дока мепӯшонидем. Рўз гармтар мешуд, онро ба хона дороварда то субҳи дигар нигоҳ медоштем. Ҳамин тавр, марҳилаи хушккунии ду лаълӣ қурут чанд рўз тӯл мекашид. Бо дастгирии лоиҳа «Оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” ба мо дастгоҳи қурутбарорӣ доданд, ки корамон ба маротиб осон шуд. Акнун имкон дорем, ки дар як рўз аз 100 килограмм чака қурут бароварда, хушк карда гирем”-қисса мекунад Юлдуз Пардаева.
Хусусияти ташнашикании қурути Юлдуз дар чист?
Ҳоло Юлдуз ҳафтае се маротиба вобаста ба талаботи стандарти байналмилалӣ қурут истеҳсол намуда, онҳоро дар ҳаҷми 10 граммӣ ба халтачаҳои махсус гузошта, дастраси мизоҷон мекунад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи вай бо мулоимӣ, мазза, муҳлати нигоҳдорӣ ва хусусияти ташнашиканиаш аз қурутҳои маъмулӣ фарқ доранд. Имрўзҳо маҳсулоти истеҳсолнамудаи Юлдузро ҳамсояҳо харидорӣ намуда, ба наздиконашон, ки берун аз кишвар барои кору зиндагӣ мераванд, туҳфаи сафар медиҳанд.
“Бо усули нав омода намудани хамири қурут хусусияти ташнашиканиро ба маҳсулот медиҳад- агарчӣ заҳмати зиёд ҳам талаб намояд. Мо аввал аз чака равғанашро ҷудо мекунем ва баъдан дуғи онро дар дегҳои калон ҷӯшонида, каме намак барои зудтар ҷудо шудани шира аз зардоб илова менамоем. Баъдан, шираро дар халтаҳои пахтагин гирифта, як шабонарўз нигоҳ медорем, то обаш ба пуррагӣ аз хамир ҷудо гашта, ба чака табдил ёбад. Вақте ки чака мисли хамири кулча мешавад, онро дар дастгоҳ гузошта, қурут мебарорем. Маҳз бо ин усул маҳсулоти мо хусусияти ташнашиканӣ пайдо мекунад. ”- гуфт Юлдуз Пардаева.
Юлдуз дар фикри пардохти қарзи ҳамсояҳост
Ба гуфтаи коркардкунандагони маҳсулоти ширӣ –чака маҳсулотест, ки аз худ партови зиёдатӣ надорад. Маска ва зардоби онро кадбонуҳо истифода мекунанд. Юлдуз низ ҳар боре, ки хамири қурутро меҷӯшонад, зардоби онро гирифта ба нонвойхона ройгон месупорад. Ҳамсояҳо бошанд барои харидорӣ намудани равғани маска ҳамарўза ўро қарздор мекунанд.
“Нафароне, ки мехоҳанд барои наздиконашон дар Федератсияи Россия савғотӣ фиристанд, зимни фармоиши қурути “Юлдуз” маблағи онро пешпардохт мекунанд. Инчунин, дар баробари истеҳсолу фурӯши қурут ҳамсояҳо равғани маска фармоиш дода, маблағашро пешпардохт мекунанд. Аз ин рӯ, ба хотири сари вақт баробар намудани ҳисобам бо мизоҷон ҳамроҳи падару модарам талош менамоям, ки ҳоҷати ҳамсояҳоро барорам”- илова намуд Юлдуз.
Дар марҳилаи аввали истеҳсолот Юлдуз аз гарон будани арзиши борпечҳо танқисӣ мекашид. Ба қавли ӯ 1 килограмм борпеч дар шаҳри Хуҷанд 670 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Аз ин рӯ, Юлдуз дар қоғази одӣ номи қурут ва суроғаи истеҳсолкунандаро гузошта, маҳсулоташро бо рангҳои гуногун ва тамъи хос ба фурўш бароварда истодааст, то дар бозор мавқеъ пайдо намояд.
Ин соҳибкори ҷавон аз он меболад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар кишвар диққати аввалинараҷа зоҳир менамоянд. Расидан ба ҳадафи чуруми Ҳукумати кишвар-Саноатикунонии босураъти мамлакат низ имконият фароҳам меорад, то истеҳсолкунандагони мо дар дурдастарин ноҳияҳои кишвар даст ба истеҳсолот зада, бо истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Бибирокия Абдуллоева, н. Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 14:02ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ 14:07ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО 13:59РОҲИ ОСОНИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶИГАР 14:03Ҳуҳуқ ва масъулият дар муносибатҳои меҳнатӣ 13:51БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48
Серхонандаҳо
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
ХИЗМАТ БА ВАТАН – МАКТАБИ ШУҶОАТ ВА САДОҚАТ
ДУХТАРИ ИСТИҚЛОЛ