Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёди 252 иншоот дар Кӯшониён
То ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Кӯшониён бунёди 252 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи болозикр ба “Сафо” иттилоъ доданд, ки дар соли ҷорӣ аз шумораи умумии иншооти ба нақшагирифташуда 23 адади он бунёд хоҳанд шуд.
Гуфта шуд, ки иншооти сохташаванда 12 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 3 мактаб, 67 синфхонаи иловагӣ, 18 маркази саломатӣ, 18 бунгоҳи тиббӣ, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ду дорухона, ду майдончаи варзишӣ ва 85 бинову иншооти дигар буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин дар 6 мактабу чор кӯдакистон таъмири асосӣ, чароғонкунии 4 ҳазору 200 метр кӯча, таъмири 32 километр роҳу се пули мошингузар ва насби 11 трансформатор ба нақша гирифта шудааст.
Сулаймони Давлат
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



