Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ “МЕГАФОН ТОҶИКСТОН” ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар бинои нави кории Раёсати минтақавии ширкати мобилии “Мегафон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими бошукуҳи кушодашавии дафтари корӣ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Сабур, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва директори иҷроияи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников иштирок намуданд.
Нахуст, Маҷид Сайтасанов, директори Раёсати минтақаии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, зикр намуд, ки “Ҳоло давраи нави тараққиёти Мегафон Тоҷикистон дар вилоят оғоз гардидааст”. Тибқи иттилои ӯ дар шаҳри Кӯлоб ҳам намояндагии ин ширкати мобилӣ кушода шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нуқтаҳои хизматрасонӣ афзуда истодааст.

Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зимни баромади худ иброз дошт, ки ҳадаф аз ифтитоҳи ин бинои хуштарҳу замонавӣ дар маркази вилояти Хатлон беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва дастрасии бештари мизоҷон ба интернети босураъат мебошад. Ҳамчунин номбурда таъкид намуд, ки “Мегафон Тоҷикистон” дар миёни ширкатҳои мобилии кишвар бо фанновариҳои наву замонавӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мавқеи устувор дорад.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, қайд намуд, ки ин иқдоми Раёсати минтақавии “Мегафон Тоҷикистон” баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи шаҳри Бохтар боис гардид, ки он хушҳолкунанда аст.
Ӯ дар идома афзуд, ки намояндагон ин ширкати мобилӣ дар маркази вилоят пайваста чунин тадбирҳои некро амалӣ намуда, саҳми худро дар рушди соҳаи алоқаи кишвар мегузоранд.
Тибқи иттилоъи директори иҷроияи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ширкати онҳо дар 12 соли фаъолияти худ ҳамчун оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар вилояти Хатлон беш аз 400 истгоҳи базавӣ сохтаанд, ки нисфи онҳо интернети балансуръати 4G-ро таъмин менамоянд. Муштариёни ширкат беш аз 500 ҳазор сокини минтақа буда, 300 ҳазор нафарашон истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ мебошанд. Барои хизматрасонӣ ба мизоҷон “Мегафон Тоҷикистон” дар минтақа бузургтарин шабака маҳсуб ёфта, дорои 130 маркази хизматрасонӣ мебошад.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нав маълум гардид, ки утоқҳои корӣ бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои фаъолияти босамари кормандон он шароиту имконоти муносиб фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино ҳамчунин гӯшаи алоҳида барои аксгирӣ ва дар ошёнаи дуюм ҷойи истироҳату фароғат мавҷуд аст.
Толори Раёсат бошад, калону барҳаво буда, барои баргузории ҷамъомаду ҳамоиш ва суҳбату вохуриҳои онлайнӣ хеле қулай мебошад.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллию ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуда, оид ба фаъолияти ширкат, ташаббусҳои он ва раванди беҳтарнамоии сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо суҳбат намуда, миёни ҳам табодули афкор намуданд.
Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



