Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МО – ҶАВОНОН НЕРУИ БУЗУРГЕМ
«Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми неруи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъолро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат аст, ки ҳамасола 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар дар доираи ин рӯзи умумимиллӣ моҳи май пурра ба ҷавонон бахшида шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бахусус бахшида ба 35-солагии мустақилияти Ватан барои рушди ақлонию ҷисмонӣ ва ғановати фарҳангию маънавии мо иншооти зиёди дахлдор, аз ҷумла марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, толору майдончаҳои замонавии варзишӣ, таълимгоҳу дигар боргоҳи илму ҳунар бунёд ёфтаанд, ки нодида гирифтани онҳо номумкин аст.
Имрӯз мо ҷавонон ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаем. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неру рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи мо ҷавонон нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созанд.
Аз ҳамин лиҳоз, бояд мо, ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намуда, дар тараққиёти он саҳми муносиб гузорем.
Шокир Ҷиянов,
донишҷӯ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



