Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Бохтар аз Аловуддин Абдуллоев ёд карданд
Ба хотири гиромидошти ҳунармандони нотакрор, устоди саҳнаи театр ва кинои тоҷик Аловуддин Абдуллоев 13-уми майи соли равон дар шаҳри Бохтар маҳфили адабӣ – фарҳангии “Поси хотир” баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо ибтикори яке аз шогирдони ин ҳунарманди маҳбуб, роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода баргузор шуда, дар он пайвандону наздикон, дӯстон, шогирдону ҳамсабақон, аҳли театру кинои тоҷик ва ҳаводорони ин ҳаҷвнигори шинохта ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи омоданамудаи аҳли кормандони театр, ки иборат аз сарулибосҳое, ки Аловуддин Абдуллоев дар саҳнаҳои бозидааш истифода кардааст ва аксҳо аз лаҳзаҳои намоишномаҳои марҳум дидан карданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни баромади хеш қайд кард, ки ин чеҳраи саршинос тавонист бо меҳнати ҳалол ва саҳнаҳои бозидааш дар умри кутоҳи хеш дар диду дидаи мардуми тоҷик абадан ҷойи бигирад.
Инчунин дар ин маҳфил устодони марҳум Соро Музофиршоева, Сафар Ҳақдодов, Валихон Абдуллоев ва Нигина Раҷабова иштирок карда, аз шодравон ба некӣ ёд карданд.
Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллоев 17 феврали соли ҷорӣ дар синни 56-солагӣ бар асари бемории қалб ин аз дунё даргузашт.
Барномаҳои телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” ва “Лазиз”-и Аловуддин Абдуллоев яке аз лоиҳаҳои муваффақи ӯ ба шумор мерафтанд, ки дар байни мардум ӯро машҳур карда буданд.
Сулаймони Давлат
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



