Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гусели наваскарон ба Артиш
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, 2-юми апрели соли ҷорӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо шукўҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар ин рӯз зиёда аз 1000 нафар даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд. Ҳамчунин мужда дода шуд, ки масъулини ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор дар нахустин рӯзи гусел нақшаи ба зиммадоштаашонро сарбаландона иҷро кардаанд.
Нахуст комиссари Комиссариати ҳарбии вилоят Солеҳзода Умед Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 4-уми марти соли 2022 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”-ро қироат кард.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баромади хеш қайд кард, ки дар ҳама давру замон марзи Меҳанро ҷавонони баҳодуру таҳамтан ҳимоя мекарданд. Ин рисолати бузургро имрӯз ҷавонони қавииродаи тоҷик дар сарҳади Ватани азизамон ба душ доранд, ки мояи шарафмандию сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст. Дар ҳақиқат танҳо афроди воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
Дар шароити имрӯза зарур аст, ки ҳар ҷавонмарди асили сарзамин пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳараки ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимоя намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша тайёр бошанд. Зеро ҳимояи Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои ҷавонмардон мактаби далерию шуҷоат ва нангу номусу мардонагист.
Дар фарҷом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳамаи даъватшудагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуда, бо суруду таронаҳои дилангези Раёсати фарҳанги вилоят чорабинӣ ҷамъбаст гардид.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ




