Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мактабро ба номи сарбоз мемонанд
Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик муассисаи таълимии №3-и ин ноҳияро ба номи Сунатулло Маҳмадов, ки 10-уми марти соли ҷорӣ аз сӯи марзбонони қирғиз ба ҳалокат расида буд, номгузорӣ кунанд. Тавре раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафар Раҳимзода зимни суҳбат иброз кард, ному ёди Сунатулло Маҳмадов барои мардуми ноҳия ҳамчун қаҳрамон боқӣ хоҳад монд ва корнамоии ӯ асло аз ёдҳо нахоҳад рафт.
Марҳум Сунатулло Маҳмадов хатмкардаи ҳамин мактаб буда, дар ин даргоҳи илму маърифат бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил кардааст. Аз ин хотир барои зиндаву ҷовид мондани хотираи неки ӯ ва дар замири ҷавонони ноҳия бедор кардани ҳисси ватанпарастӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ин иқдом амалӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сунатулло Маҳмадов соли 2020 барои иҷрои қарзи фарзандии хеш назди Модар-Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваста, бояд баъди як моҳ хизматро сарбаландона адо мекард. Мутаассифона аз тири нохалафонаи марзбонони қирғиз ба шаҳодат расида, санаи 11-уми март дар зодгоҳаш деҳаи “Арал”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳия ба хок супорида шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


