Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶОИ ТУ ХОЛӢ НАМОНАД ДАР ҶАҲОН
Вақте ба гӯш садои модар мерасад, хотират ҷамъу дилат беғам. Зеро ӯ фариштаи дуогӯи Илоҳист, ки нияту амалаш танҳо аз барои хайри тану ҷони фарзанд ва баракоти рӯзгори осоиштаи ӯст. Ин неъмати муқаддас ягона нафарест, ки на танҳо моро ба дунёи ҳастӣ меорад, балки бо меҳру муҳаббати модаронаи худ бароямон ақлу хирад, одобу ахлоқ ва маърифати инсониро меомӯзонад. Тинати ӯ поку мусаффост, чеҳрааш пурнуру гуворост.
Инсоният дар зиндагии пуршебу фароз ба ҳолатҳое сар мезанад, ки мушкилкушои он танҳо як каф дуои Модар аст. Дуое, ки қалбҳоро равшан ва инсонҳоро сабзу хуррам мекунад. Аз ин ҷост, ки номи ӯ, қадру манзалату зебу зиннати ӯ як умр бо мост ва он ҳеҷ аз хотираҳо зудуда намешавад.
Бузургони дар осори пурғановати худ модарро тавсиф карда, ӯро як тани чанд ҷон гуфтаанд. Чунки қалби ӯ барои ҳар як фарзанд метапад, рӯҳу равонаш то абад бо ӯ мемонад. Дар байте устод Лоиқ Шералӣ аҷаб зебо гуфтааст:
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст,
Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷахон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷахон.
Рўзи модар ба ҳамаи занону бонувон фархунда бод. Бодо, ки ҳамеша зинатбахши зиндагии мо бошанд!
Мусозода Шодӣ,
сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



