Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МОДАР
Аё модар,
Аё , эй чеҳраат монанди қалбат ошёни нур,
Бубахшоям,
Ки чанде аз канорат будаам бо амри қисмат дур,
Ва ту, эй ҷони ман, ғам хӯрдаву гардидаӣ ранҷур.
Аё модар,
Ба зоҳир буд ин дурӣ миёни мо,
Ману ту хуб медонем:
Ҷудоиро миёни мову ту ҷову маконе нест,
Ки маҳкамтар зи меҳри духтару модар ба олам ресмоне нест.
Аё модар,
Дубора омадам пешат, табассум кун,
Ва дар лабханди зебоят
Нишоти духтари худро таҷассум кун.
Аё модар,
Чунон ки дар баҳорон боғи мо аз ҳусни гулҳо мешавад рангин,
Ва гунҷишкон
Сароянд аз барояш нағмаи ширин,
Ба ҳам мову ту пас аз интизорӣ мерасем охир,
Ба ҳам чун боғу он гунҷишкҳо пайванд мегардем,
Зи ҳам чун боғу он гунҷишкҳо хурсанд мегардем!
ЗЕБОНИСО ҚОСИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



