Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАНДАРИН
Таркиби мандарин чун дигар меваҳои ситрусӣ аз флавоноидҳо, ки хосияти зиддиоксидантӣ, зиддибактериявӣ ва зиддисаратонӣ доранд, ғанӣ аст. Инчунин флавоноидҳо организмро аз бемориҳои дилу рагҳо, пешгирӣ менамояд. Ин моддаҳои фоидабахш дар таркиби риштачаҳои сафеди мандарин мавҷуданд. Аммо, мо ин риштачаҳоро ҳангоми аз пўст ҷудо кардани мандарин аз дилаи он канда мепартоем.
Мандарин инчунин аз ғоз (клечатка), витамини В6 ва калий бой аст. Вале боигарии асосӣ- витамини С аст, ки системаи иммуниро тақвият бахшида, дар мубориза бо бемориҳои шамолхурдагӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад.
Мандарин манбаи кислотаи фолиевӣ аст, ки он барои инкишофи дурусти тифли батни занони ҳомила нақши муҳим дорад.
Шарбати мандарин низ манфиатбахш аст, аммо бо истифодаи он мо худро аз ғоз (клечатка), ки барои кори системаи ҳозима зарур аст, маҳрум мекунем. Пўсташ, дилаҳо ва ҳам риштачаҳои сафеди болои дилаи мандарин фоидабахшанд.
Истеъмоли мандарин фаъолияти зеҳниро баланд бардошта, хатари бемории Алтсгеймерро коҳиш дода, ҳамчунин бемориҳои диабети гурўҳи 2 ва инсултро пешгирӣ мекунад.
Мандарин барои бонувон ҳам фоидабахш аст. Пўсти рўйро ҳамвору солим мегардонад, зеро витамини С пайдоиши коллаген ва эластинро ба танзим медарорад. Раванди пиршавиро суст намуда, тирашавии пўсти рўйро камтар мекунад.
Витамини С барои азхудкунии оҳан мусоидат менамояд. Норасоии оҳан бошад боиси зуд мондашавӣ ва пайдоиши хатҳои тира дар зери чашмҳо мегардад.
Онҳое, ки мехоҳанд вазни зиёдатиашонро кам кунанд, истеъмоли мандарин тавсия дода мешавад. Зеро мандарин дорои ғози зиёд буда, витаминҳои зиёди таркиби мандарин афзоиши кортизол- гормоне, ки асабоният ва ҷамъшавии чарбуро дар организм ба танзим медарорад, пешгирӣ менамояд.
Мандарин бо вуҷуди фоиданок буданаш барои нафарони мубталои бемориҳои меъдаву рўда, ва ҳассосият дошта мумкин нест. Табибон тавсия медиҳанд, ки мандаринро дар шиками холӣ набояд истеъмол намуд.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



