Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОҲАИ САНОАТ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
“Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад. Зеро рушди ин соҳаи афзалиятнок дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт, фароҳамсозии вазъи устувори иҷтимоӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии зиндагии сокинон нақши калидӣ мебозад.
Дар ноҳияи Вахш бо назардошти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди ин соҳаи афзалиятнок диққати махсус равона гардида, ҳамасола шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта истодааст.

Ба иттилои мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Убайдулло Раҷабов, феълан дар ноҳия 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Саноатчиёни ноҳия соли 2021 ба маблағи 216 миллиону 599,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 125,3 ҳазор сомонӣ ё худ 30,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ-101 фоиз, нахи пахта-112,6 фоиз, равғани растанӣ-100,2 фисад, орд-116,7 фоиз, гӯшти мурғ-245 дарсад, коркарди пахтаи курпабоб-116,8 фоиз, либоси мактабӣ-366,9 фоиз, консерваҳо-100,1 дарсад, чигити пахта-112,6 фоиз ва хишти сементӣ бошад 100 дарсад таъмин карда шудааст.
Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ҷироияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Фарҳод Тағоев зимни суҳбат иброз кард, ки аз 345 иншооте, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия бунёд гардиданд, ҳашт адади он корхонаҳои саноатӣ буданд. Дар ин корхонаҳои санотӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид, ки ин дар баланд кардани суръати бунёди корхонаҳои гуногун нақши калидӣ хоҳад гузошт. Аллакай соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия бо мақсади амалисозии ин ҳадафи муҳим ва стратегӣ тадбирҳои муҳим андешидаанд. Умед аст, ки онҳо аз ҳарвақта дида ҳиссаи арзандаи хешро барои амалишавии ин ҳадафи муҳим бештар мегузоранд.

Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Юсуфзода Бароталӣ дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёди корхонаи нассоҷӣ бо маром идома дорад. Дар ин корхонаи саноатӣ, қарор аст 460 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд. Дастгоҳу таҷҳизоти ин корхона, ки дар сехҳои истеҳсолии он насб карда мешаванд, аз хориҷи кишвар ворид гардида, имконият фароҳам меорад, ки маҳсулоти раққобатпазир истеҳсол карда шавад.

Масъулини корхона занону духтарони хонашини маҳаллиро ҷалб карда, онҳоро барои аз худ кардани нозукиҳои корӣ, барои бозомӯзӣ ба шаҳри Душанбе мебаранд. Ҳамаи хароҷоти бозомӯзии онҳо аз ҳисоби корхона пардохт гардида, ҳамзамон ба онҳо дар ҳаҷми 1000 сомонӣ идрорпулӣ таъмин карда мешавад. Баъди ба истифода додани корхона занону духтарони маҳаллие, ки аз бозомӯзӣ гузаштаанд ба кор таъмин карда мешаванд.
Иқдомҳои бунёдкорона дар ноҳияи Вахш дар заминаи татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад. Саноатчиёни ин ноҳия барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат замина бунёд намуда, талош доранд то Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам тавлидкунандаи маҳсулоти босифат ва рақопатпазир муаррифӣ намоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



