Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёди мактаб-интернат дар ноҳияи Вахш
Дар ноҳияи Вахш барои кӯдакону ятимони бепарастор корҳои сохтмонии мактаб- интернат бо маром идома дорад. Иншооти мазкур барои зиёда аз 400 нафар тарбиятгирандагон бунёд хоҳад шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар онҷо ҳамчунин сохтмони хобгоҳ барои 480 нафар, нуқтаи тиббӣ, ошхона ва ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ҷараён дошта, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Иншооти мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён” бо маблағгузории “Ташкилоти хайриявии Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар масоҳати се гектар бунёд шуда истодааст.
Аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дидан карда, ба масъулин дастур додааст, ки иншооти мазкурро дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланди сохтмонӣ ба истифода дода, гирду атрофи онро бо дарахтони мевадиҳандаю ороишую сояафкан оро бидиҳанд. Ҳамчунин раиси вилоят ба масъулони ноҳия супориш додааст, ки то ба итмом расидани иншоот заминҳои гирду атрофи он самаранок истифода бурда шаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



