Бемории қанд ҷавон мешавад

Мусоҳибаи хабарнигори минтақавии маҷаллаи «Сафо» Билоли Шамс бо Хайрулло Хайриддинов, директори Маркази бемориҳои эндокринологии минтақавии шаҳри Кӯлоб.  
 
   -  Маркази бемориҳои эндокринологии минтақавии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани гирифторони касалиҳои қанд чӣ имконияту шароитҳо дорад?    
   - Дар Марказ 4 духтури эндокринолог, 1 табиби ташхисгар, 28 нафар ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар кормандони техникӣ фаъолият мекунанд. Ҳар табиб ба 3-4 ноҳияи минтақа вобаста карда шудааст ва онҳо ҳафтае як маротиба дар ноҳияҳо корҳои методиву фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Ҳамчунин, назорати варақаҳои беморонро мушоҳида намуда, ба онҳо тавсияҳо медиҳанд. 
Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум ҳуҷраҳои қабули беморон ва ошёнаи 2 – юм барои бистарикунонии  беморон нигаронида шуда, дар ин ҷо 16 кат фароҳам оварда шудааст.
   - Чаро ҳанўз ҳам дар  бинои нави беморхона шумораи катҳо мисли пештара каманд ? 
   - Баъди интиқол додан ба бинои нав дар ин ҷо 10  ҳуҷра барои маъюбону интирокчиёни ҶБВ, ҷанговарони башардӯст ва садамаи Чернобил ҷудо карда шудааст, аммо тӯли чанд сол мешавад, ки барои таъмири он маблағгузорӣ намешавад. Ин катҳоро вақти барҳам додани беморхонаи кӯдаконаву бемориҳои занона ба мо дода буданд ва бояд воҳидҳои кории иловагӣ ҳам ҷудо карда мешуданд. Мо чандин маротиба ба Раёсати тандурустии вилоят, Раёсати тандурустии минтақа, Раёсати молияи вилоят, Раёсати молияи минтақа ба таври хаттӣ дархост кардем. Қарори раиси вилоят низ ҳаст, ки бастҳои холии корӣ ба беморхонаи минтақавии эндокринологӣ дода шавад, вале то ҳол ин мушкилӣ ҳалли худро наёфтааст. Аз рӯи дархости мо бояд 118 воҳиди корӣ ҷудо карда мешуд, лекин ин бастҳои кориро ба мо надоданд. Ба ғайр аз шуъбаи бемориҳо дар ин ҷо бояд шуъбаи ҷарроҳӣ, бахши эҳёгарӣ бояд бошад. Айни замон ҳамагӣ 40,5 воҳиди корӣ дорем. Ҳамшираҳои қитъавии мо то соати 12 дар  маҳаллаҳои шаҳр гардиш мекунанд, ки барои онҳо душвор аст. Аз рӯи нишондодҳо бигирем бояд, ки ҳар як ҳамшираи тиббӣ  мувофиқи бастҳо 1700-1800 хоҷагиро гардиш кунад. Лекин имрӯз ҳар як ҳамшира ба 5 ҳазор хоҷагиҳо вобаста карда шудааст, яъне як ҳамшира сарбории се, чор воҳиди кориро иҷро мекунад. Ҳамроҳи сардори шуъбаи тандурустии минтақа чанд карат ба Раёсати молияи минтақа ва вилоят муроҷиат кардем, аммо воҳиди корӣ нест гуфта, мактуб ва дархостҳои мо бе ҷавоб мемонад.       
   Дар масъалаи воҳидҳои корӣ дархости кардаамонро агар дастгирӣ кунанд, беморон барои як амали ҷарроҳӣ ба Душанбе намераванд. Ин дар ҳолест, ки сол то сол оризаҳои бемории диабети қанд зиёд шуда истодааст. 
  - Вазъи бемории қанд дар минтақа чӣ гуна аст?
  - Дар минтақаи Кӯлоб 4785 нафар гирифторони бемории даибети қанд ба қайд гирифта шудааст. Ин омори расмӣ аст. Бештар ба мо мардҳо муроҷиат мекунанд,  аммо ин маънои онро надорад, ки шумораи гирифторони беморӣ дар байни бонувон кам аст. Бонувон бештар бемориҳои худро пинҳон мекунанд, ҳатто вақте ба мо муроҷиат мекунанд, розӣ намешаванд, ки барои онҳо варақаи тиббӣ кушоем. Ин дар ҳолест, ки рӯз то рӯз бемории қанд “ҷавон” шуда истодааст. Кӯдакони гирифтори бемории диабети қанд ба 45-50 нафар мерасад, ки аз ин 65-70 дарсади онҳо бемории қанди ирсӣ мебошанд. Бинобар ҷавоншавии ин беморӣ мо дар якҷоягӣ бо эндокринолог ва акушер-гинекологҳо кор бурда истодаем. Зеро, аз бонувони гирифтори бемории диабети қанд, кӯдакони маъюбу дорои нуқсонҳои ҷисмӣ  ба дунё меоянд.  
     - Оё дар минтақа табибони эндокринолог мерасад?
 - Ба ҳисоби ноҳияҳо агар бигирем фақат дар минтақаи мо дар ноҳияи Темурмалик табиб эндикринолог намерасад. Дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ 2 нафарӣ ва дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва Балҷувон бошад як нафарӣ дорем. Агар мувофиқи меъёр ҳисоб кунем, ба 20 ҳазор аҳолӣ як табиби эндокринолог лозим аст. Ҳозир дар минтақа  14 нафар табибони эндокринолог ба 1 миллиону 200 ҳазор аҳолии минтақа хизмат мекунанд. Агар ба ҳисоби 20 ҳазор аҳолӣ бигирем 115 нафар табиб лозим аст. Яъне, 100 нафар табиби эндокринолог лозим. Дар чунин ҳолати нарасидани мутахассисон ба қайдгирии беморон кам буда, табобат ҳам рӯякӣ мешавад. 
  - Беморони диабети қанд метавонанд ваксинаи зидди бемории СOVID- 19- ро қабул кунанд?
 - Аслан дар организми 50-60 дарсади нафароне, ки ба бемории каронавирус гирифтор мешаванд,  баландшавии қанд мушоҳида мешавад. Зеро як омили барангезандаи бемории диабети қанд вирус аст, ки таъсири худро ба ҳама аъзои бадан, аз ҷумла, ба рагҳои хунгард ва лахташавии хун мерасонад. Бинобар ин мо ба беморони фишорбаландӣ, диабети қанд ва  қалб тавсия медиҳем, ки ваксинаи зидди бемории ковидро гузаронанд.  
-  Ба андешаи шумо чӣ бояд кард, то мардум барои пешгирӣ аз оризаҳои ин беморӣ сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд?
-  Дар баробари суҳбатҳои инфиродӣ бо муроҷиаткунандагон мо тавассути шабакаҳои телевизион ва радио оид ба бемориҳои ҷоғар, диабети қанд ва ғизои солим  баромад мекунем. Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир оид ба пешгирӣ аз бемории фарбеҳӣ як барномаи миллӣ барои солҳои 2019 - 2024 амалӣ шуда истодааст. Мо табибонамро вазифадор намудаем, ки тариқи воситаҳои ахбори омма ба мардум маълумотҳои лозимиро расонанд. Дар ин самт бояд Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва дигар масъулони соҳаҳои марбута миёни мардум чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд, то дар самти маърифатнокии аҳолӣ ва пешгирӣ аз воридшавии хӯрокҳои ғайристандартӣ ба қаламрави кишварамон муваффақ гардем.  

                    Мусоҳиб Билоли Шамс, шаҳри Кӯлоб


Добавить комментарий