РОҲИ БЕПОЁНИ ВАТАНДОРӢ
Шоири Халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб аслан ба муаррифӣ ниёз надорад, зеро солҳост, ки ашъори ноби вай вирди забони мухлисон аст. Хусусан, дар навиштани шеърҳои ҷолибу хотирмон дар васфи Ватан метавон гуфт, ки ҳамто надорад.
Манам доротарин одам, Ватан дорам, Ватан дорам,
Ашъори Муҳаммад Ғоиб моломол аз муҳаббат, садоқат, вафодорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ буда, насли наврасро дар рӯҳияи баланди миллӣ тарбия менамояд. Бо услубу сабки хосаю килки сабзу рангини муъҷизаофараш шоир маҳбуби ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст. Агар гӯем, ки шеъраш ба мисоли ширинии тут асту дар забони ӯ ҳарфи ватан гул мекунад, ҳаргиз хато намекунем, чунки Ватан сароғози навиштаҳои шоир мебошад. Аз сурудаҳои ашъори баландпояи Муҳаммад Ғоиб кас бо хубӣ эҳсос менамояд, ки ватандорӣ тору пуду марҳами ҷони адиб аст.
Надонам вақти беморӣ ба ҷуз меҳри ватандорӣ,
Ба дарди ҷони худ марҳам Ватан дорам, Ватан дорам.
Ватандорӣ дар тасаввури шоири ширинадо роҳи бепоёнест дар худшиносю меҳанпарастӣ, ки басо доманадор пеши назар ҷилвагар мешавад.
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, Ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, Ватандорист.
Маҳфили ширу шакаре, ки дар барномаи «Чашмаи хуршед»-и Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бо иштироки Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан баргузор гардид, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки фасоҳату балоғат ва ширинию шевогии ашъори Муҳаммад Ғоиб ҳаводорону ихлосмандони зиёд дорад.
Дар маҳфил котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралӣ Салим (Озар) баромад намуда, аз вижагиҳои ашъори Муҳаммад Ғоиб ёдовар шуд. Қайд намуд, ки мавсуф дар офариниши шеър дасти тавоно дорад. ШеърҲояш хусусияти тасвирӣ дошта, пеши назар чеҳраю симои қаҳрамонҳояшро ҷилвагар месозад.
Хоке, ки зи кина бар сарам мерезӣ,
Девори муҳаббати маро бом шавад.
Шоир он қадар ба мардум муҳаббату садоқат дорад, ки бо суханбозии зебо аз хоки кинаю адовати рақибонаш барои худ боми кохи меҳру эътиқод бунёд менамояд, - афзуд шоир Озар. Аз қироати шеърҳои устод Муҳаммад Ғоиб, ки аз забони худи вай садо доданд, дарёфтем, ки ашъори пуғановати адиб мазмунҳои иҷтимоии низ дошта, паҳлуҳои гуногуни зиндагиро дар бар мегирад.
Мухлисону ҳаводорони ашъори шоир дар рафти вохӯрӣ ба вай саволҳо дода, аз тарзу тариқ, офариниш, заҳмату меҳнат ва шабҳои бедорхобии адиби мумтоз огоҳӣ пайдо карданд. Ҳунарманди мумтоз Файзалӣ Ҳасан чорабиниро бо сурудани шеърҳо аз ашъори шоир рангину хотирмон сохт.