Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАРДИ ШАРИФ
-Дар зодгоҳам тамоман хати барқ набуд. Бо чароғ китоб мехондем. Падарам, ки омӯзгор ва директори мактаби ибтидоии деҳа буд, шабонгаҳ хона ба хона гашта, мушоҳида мекард, ки хонандагон дарс тайёр мекунанд ё не. Он замон миёни хонаҳо девор ҳам набуд. Одамон ба ҳамдигар хеле мушфиқу меҳрубон буданд. Мо ба падару модар ва кори хоҷагидории хона ёрӣ мерасонидем. Дар замин кишту кор мекардему чорво парвариш менамудем. Аҷаб лаҳзаҳои ширини ҳаёт буд, айёми бачагиамон, - ба хотир овард собиқадори меҳнат Қурбон Қувватов.
Ин марди некном 24-уми ноябри соли 1956 дар дурдастарин рустои ноҳияи Фархор деҳаи Ҷалбузӣ ба дунё омадааст. Падараш Файзалӣ омӯзгор ва модараш Анор Самадова поккори мактаби ибтидоӣ буданд. Онҳо бо меҳнати ҳалол чор фарзандро таълиму тарбия дода ба воя расонидаанд. Бародару хоҳарони Қурбон Қувватов - Раҳмон, Зайнура ва Маъмура ҳамагӣ соҳибмаърифатанд.
Муаллими аввалини ӯ падари шодравонаш буд. Қурбон Қувватовро чор сол дар дабистони деҳа таълим дода, пасон ӯро барои идомаи таҳсил ба муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара фиристод, то фарзандаш босавод бошад. Аз сабаби дурии роҳ ба мактаб ӯ синфи нуҳро дар мактаб-интернати ҳамин ноҳия хонд. Амакҳояш, ки барои кору рӯзгор ба водии Вахш омада буданд, падари Қурбон Қувватовро низ ба ин ҷо даъват мекунанд. Ва ҳамин тавр ӯ соли 1974 мактаби рақами 17-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахшро бо баҳои аъло хатм мекунад.
- Ҳарчанд бисёр мехостам, ки ҳуқуқшинос шавам, аммо аз имтиҳонҳои давлатӣ гузашта натавонистам. Вале ин маро дилсард накард, баръакс кӯшишамро барои соҳибмаълумот шудан афзуд. Дар маркази омӯзишӣ нуҳ моҳ таҳсил карда, ба ҳайси муҳосиб соли 1974 дар хоҷагии “Вахш” фаъолияти меҳнатиамро оғоз намудам. Ҳамзамон ду сол дар техникуми ҳозира шаҳри Ваҳдат дар ҳамин ришта таҳсиламро идома дода, баъд аз он соли 1987 факултаи иқтисодии Донишкадаи аграрии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм кардам, - иброз намуд Қурбон Қувватов.
Он солҳо, ки нуфузи кумитаҳои иттифоқи касаба баланд буд, Қурбон Қувватов раиси ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар хоҷагии “Вахш” интихоб гардид ва ба гуфтаи худаш ӯ аз ҳамин кор миёни ҷамъият обрӯву эътибор пайдо кард. Зеро, Қуваттов ҳамчун раиси Кумитаи иттифоқи касабаи хоҷагӣ ҳуқуқи меҳнаткашонро ҳимоя карда, ба онҳо ғамхорӣ зоҳир мекард. Ӯ миёни колхозчиён зуд-зуд мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда, ба пешқадамони соҳаҳои хоҷагии қишлоқ аз номи иттифоқи касаба мошин ва дигар туҳфаҳои молию пулии арзишманд ҳадя менамуд.
-Ҳамасола кормандони хоҷагӣ, бригадирҳо, механизаторон ва кишоварзону пахтачинонро ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он сафарбар мекардем. Фарзандони онҳоро ба лагерҳо гуногун мефиристодем, то дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ калон шаванд, - илова намуд Қ. Қувватов.
Ӯ аз давраи нобасомониҳо то соли 2000-ум дар хоҷагии номбурда сариқтисодчӣ шуда кор мекард. Баъд аз он нуҳ сол ӯ раисии хоҷагии деҳқонии “Қизилшумшуқ”-ро, ки ҳудуди он 300 гектарро ташкил медод, ба уҳда дошт. Қурбон Қувватов, ки аз оилаи деҳқон буд, замини дар ихтиёрдоштаашро хеле самаранок истифода бурда, аз он қариб ҳамаи намуди зироати кишоварзиро ба даст меовард.
Қурбон Қувватов замоне дар мактаби деҳа низ ба сифати муҳосиб фаъолият карда, солҳои 2012-2014 раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш пазируфта шуд.

-Бо дастгирии раиси вилояти вақт Ғайбулло Афзалов дар маркази ҷамоати деҳот майдончаи варзишӣ бунёд кардем. Хонаи маданиятро таъмиру тармим намуда, барои ҳунармандон шароит фароҳам овардем. Дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ якчанд купрукро азнавсозӣ карда, ба як қитъаи замин аз кӯҳ хати об овардардем. Дар маҷмӯъ ҳар коре кардем, баҳри бошандагони ҳамин маҳал буд, - ба ёд меорад қаҳрамони матлабон замони сарварии худро дар ҷамоати деҳот.
Қ. Қурбонов 7-8 сол пеш аз ин мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ, сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва аз августи 2018 то миёнаҳои соли 2019 мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш буд. Ӯ бо 45 соли фаъолияти пурсамар дар ҷанбаҳои мухталифи соҳаҳои ҳаёти халқ ба нафақа баромада, имрӯз низ ин роҳро дар хоҷагиҳои деҳқонии оилавии “Қурбон” ва “Саъдӣ” идома дода истодааст.
Аз муоширату лутфу самият ва рафтору гуфтори аъзои оилаи ӯ аён аст, ки Қурбон Қувватов инсони нек буда, ҳаёти худро беҳуда сарф нанамудааст. Вай фарзандону наберагони худро низ дар ҳамин масир тарбия намуда, имрӯз соҳибкасбу ҳунар гардонидааст. Қурбон Қувватов соҳиби ҳафт фарзанд, се писару чор духтар мебошад. Писараш Ашӯралӣ феълан нотариуси давлатии Идораи нотариалии шаҳри Турсунзода асту фарзанди хурдиаш Давлатбек Қувватзода сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён мебошад.
Қурбон Қувватов имрӯз аз он меболад, ки ӯро ба некӣ ёд меоранду заҳматҳояшро қадр мекунанд. Ба гуфтаи вай рисолати одамӣ ҳам дар ҳамин аст.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ