Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тозагул
Тобистони соли гузашта буд. Соати 03:30 субҳ аз маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе сӯи фурудгоҳ раҳсипор шудем. Дар хиёбонҳои пойтахт аҳён- аҳён воситаҳои нақлиёт ба самтҳои гуногун ҳаракат доштанд. Бо гузаштани фосилаҳои роҳ ҳарҷо-ҳарҷо занонеро медидем, ки дар тан либосҳои махсуси корӣ роҳу пайроҳа ва кӯчаҳоро об пошида, мерӯфтанд. Тааҷҷуби маро дида ҳамроҳонам изҳор доштанд, ки ин бонувон кормандони идораи хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ буда, тибқи реҷаи кориашон бояд то дамидани субҳи содиқ роҳу кӯчаҳои ба онҳо вобасташударо рӯфта, тоза намоянд. Ҳаминак, ин манзараро дар ноҳияи Панҷ низ мушоҳида намудем. Вақте ки аз бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кӯчаи марказӣ баромадем, гирду атроф роҳу роҳравҳои пиёдагардон тозаю озода менамуд. Боду ҳавои фораму мушкбез ба машом бӯи накҳати баҳориро меовард. Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ ба сӯи Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилӣ –коммуналӣ» роҳ пеш гирифтем. Дар ҳавлӣ ва гирду атрофи корхона занҳои зиёде машғули нарм кардани замин, тоза намудани шоху навдаҳои дарахтон ва шинонидани гулу буттаҳо буданд. Байни онҳо зани миёнақади зебо ва кушодачеҳрае саргарми кор буду ба наздаш расидани моро ҳис накард.Чӣ тавре, ки директори корхона Хайриддин Сайфиддинов дар суҳбат бо мо иброз дошт, Тозагул Чориева аз тозакорони фаъолу пешқадами корхона ба ҳисоб рафта, 8 сол боз дар ин корхона кору фаъолият дорад.
-Мо 7 нафар занони кӯчаруб ҳар саҳарии барвақт, ки сокинон дар хоби нозанд, ба кор мебароем. Дар маркази шаҳраки Панҷ рӯфтану тоза кардан ва об пошидани 10 кӯчаи калон ва як кӯчаи марказӣ ба ману ҳамкоронам вобаста карда шудааст,- иброз медорад Тозагул Чориева.
Ба назари кас чунин менамояд, ки кори поккорон чандон мушкил нест. Лекин дар асл масъулияти бар зимма доштаи онҳо саҳлу осон нест. Бахусус, дар фасли сармо ва рӯзҳои боришоти барфу борон, ки мардум зери чатр дар кӯчаҳо равуо доранд, аммо онҳо зери барфу борон ва ё офтоби сӯзон заҳмат кашида, роҳҳою кӯчаҳоро тоза мекунанд.
Тозагул Чориева ҳамчун зани меҳнатдӯст ва покизакор аз касбаш розӣ буда, бо хушнудӣ мегӯяд, ки кори онҳо дар фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ (гарчанде, ки хазон бисёр мерасад) нисбатан осонтар аст. Зеро рӯзҳо дарозанду оби ҷӯйборҳо зиёду равон. Бригадаи занони кӯчаруб, ки сарвараш Тозагул Чориева аст, субҳи барвақт ҳамаи роҳу кӯчаҳои маркази ноҳияро об пошида мерӯбанд. Вақте ки одамон саҳар ба кор мебароянд, аллакай ҳама кӯчаҳо тозаю озода рӯфта шудааст.
-Кори мо дар арафаи ҷашнҳо мушкилтар мешавад, зеро дар ин рӯзҳо рафту омад ва гашту гузорҳои идонаи мардум бештар мешавад,- мегӯяд Тозагул . - Баъди баргузории ҷашну маросимҳои идона мо, кӯчарубонро мебояд, ки ҳарчӣ зудтар мавзеи ҷашнгоҳро тозаву озода намоем.
Ҳамин сон, дар баробари рӯбучину поккизакорӣ кардан ин бонувони тозакор гулу буттаҳо ва майсазорҳои атрофи майдону шафати роҳҳоро об медиҳанд, то ҳама ҷо гулпӯш ва кабудизор бошад.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Панҷ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


