Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Мураббии соли Тоҷикистон- 2022»
Вақте ки кӯдакистони хусусии “Оиша” дар маркази Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, Озодамоҳ ба таври гузариш аз кӯдакистони “Табассум” фаъолияти худро дар боғчаи кӯдаконаи «Оиша» идома бахшид. Ин муассисаи таълимии томактабӣ аз тарафи соҳибкорзан Абдулҳаева Махтунбӣ кушода шуда, барои ба тарбия фаро гиирфтани 210 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бинои кӯдакистон дуошёна буда, бо барқи доимӣ таъмин аст. Ҳамчунин, муассиса дорои системаи гармидиҳӣ буда, дар синфхонаҳо, ошхона ва ҷои хоби кӯдакону ҳуҷраҳои корӣ ҳарорат муътадил аст.
Дар кӯдакистон 14 нафар, аз ҷумла, 3 мураббӣ ва се тан ёрдамчиёни мураббияҳо фаъолият доранд. Дар ин ҷо машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ гузаронида мешаванд. Фанҳои ибтидоиро омӯзгорони ихтисосманд ба уҳда дошта, ҳамзамон дар кӯдакистон солимии кӯдакон таҳти назорати ҷиддии табибони ботаҷриба қарор дорад. Маъмурият барои рафтуомади кормандон ва бо мақсади амнияту бехатарии кӯдакон нақлиёт ҷудо намудааст. Сокини Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ холаи Сафаргул бо қаноатмандӣ аз ифтитоҳи кӯдакистони “Оиша” иброз медорад, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ сатҳи зиндагии сокинони деҳот беҳтар гардида истодааст. Бунёду фаъолият намудани ин гуна таълимгоҳҳои хусусии томактабӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад.
- Вақте маро ба ин кӯдакистон ба ҳайси мутахассис ба кор даъват карданд, дар ин ҷо ихтисосманди соҳаи тарбияи томактабӣ надошт. Чун собиқаи фаъолият дар кӯдакистони давлатӣ доштам, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбияи атфол ба роҳбарияти ин кӯдакистон маслиҳат медодам. Чунин шароитҳои фароҳам овардаи муассисони муассисаи таълимии томактабиро дида, назди худ мақсад гузоштам, ки ин кӯдакистонро ба муассисаи томактабии намунавӣ табдил бояд дод,-мегӯяд Озодамоҳ Қодирзода, мураббии кӯдакистони хусусии «Оиша»-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ. – Баъдан маро барои ширкат дар озмуни “Мураббии сол” даъват намуданд, ки бо хушнудӣ пазируфтам. Ҳамин тавр, дар даври ноҳиявии ин озмун аз байни 8 довталаб аз муассисаҳои томактабии ноҳия ҷои якумро сазовор гардидам.
Мавриди зикр аст, ки озмуни “Мураббии соли вилояти Хатлон” дар Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Оиша» баргузор гардид, ки дар он 24 мураббия аз тамоми шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доштанд. Аз миёни довталабон Озодамоҳ аз ҳама баҳои баландро сазовор гардида, соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии Озмун гардид. Азбаски дар чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ бори аввал иштирок мекард, бовараш ҳам намеомад, ки сазовори ҷои аввал мегардад. Зеро дар даври ҷумҳуривии озмуни мазкур дар баробари Озодамоҳ беҳтарин мураббияҳои муассисаҳои томактабии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд.
-Тибқи яке аз шартҳои озмуни мазкур бояд ҳисоботи видеоиро оид ба фаъолияти касбиам тариқи видеопроектор пешниҳоди ҳакамону иштирокчиён менамудам. Дар ин бахши озмун сабти мавзеҳои таърихиро гузошта будам, ки дар он оид ба қалъаи таърихии Ҳулбук, ҳавзи Қайнар ва корномаи қаҳрамононаи Восеи диловар ба кӯдакон маълумоти мухтасар дода мешуд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Озодамоҳ Қодирова. – Дар рафти озмун ҳамчунин оид ба фаъолияти касбӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва барномаҳои таълимии омоданамудаам маълумот дода, реҷаи як рӯзи буду боши тарбиятгирандагонро дар кӯдакистон ба намоиш гузоштам.
Ҳамин тавр, шартҳои озмунро хуб иҷронамуда, ғолибият ба даст оварда, соҳиби Ҷоиза ва маблағи 5000 сомонӣ гаштам.
Қодирзода Озодамоҳ Ҳикматулло дар деҳаи Анористон, Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 2010 ДДО ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, баъдан, аз рӯи ихтисоси дуюм дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ таҳсил намудааст. Озодамоҳ фаъолияти худро ба ҳайси лаборанти МТМУ №7-и деҳаи зодгоҳаш оғоз бахшида, сипас мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии “Табассум”- и ноҳияи Восеъ буд. Аз соли 2021 то инҷониб дар кӯдакистони хусусии “Оиша” кору фаъолият дорад.
Билоли Шамс, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


