Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Каромот»-и ман
Як рӯзи фасли поиз. Ҳама ҷо зардгун, табиат хираву ҳаво тира метофт. Баргҳои зардшуда чошу пареш.… Бо соҳибкоре дар сари қитъаи заминаш ба мувофиқа омада, чор тонна пиёзро харида, ба як мошинаи боркаш то терминали шаҳр овардам. Он ҷо камтарак таваққуф карда будам, ки автомашинаи боркаши тамғаи «Зил» дар наздам фаш- фушкунон, гарду чанги роҳро ба ҳаво бардошта омада истод. Ронанда сар аз даричаи мошина берун бароварда пурсид:
- Ака, чӣ дорӣ? Куҷо мебарӣ ?
- Пиёз дорам, ба Деҳқонбозори шаҳри Душанбе бурданиам. Борро то ҷои гуфтаам мебарӣ ?
- Чанд пул киропулӣ медиҳӣ ? – суоломез нигарист ӯ
- Чиҳил сомонӣ медиҳам.
- Чиҳилу панҷ сомонӣ бидеҳ, пиёзро бор мекунем, - гуфт ронанда. Розӣ шудам. Ронанда, ки як ҷавони миёнақади газгӯшти гандумгун буду чашмони мешӣ дошт, чусту чолоку серғайрат менамуд. Ба зудӣ шаст халта пиёзро бор кардему мошин ба ҳаракат даромад.
Ин воқеа ба солҳои 2000-ум мутааллиқ аст. Роҳи васеи Бохтар – Душанбе дар пеш буду нақлиёти гуногунтамға мӯрчавор дар ҳаракат. Навакак дусад- сесад метр роҳро тай карда будем, ки аз пеш кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ намоён шуданд. Ман дили ронанда камтарак нармтар шавад гуфта, бо овози баланд ва марғуладор ин дуоро вирди забон овардам.
- Парвардигоро ! Аҳадо ! Самадо ! Чашмони ин кормандони бозорасии автомобилиро хира кун ! Сарашонро пуршӯр кун ! Ақлашонро коста соз, забонашонро лол гардон ! Омин, Раббилъоламин !
Аз дидбонгоҳи якум гузаштем. Кормандаш БДА мошинаи моро манъ накарданд. Дар ҳайрат будам, ки дуои мани омӣ чӣ тавр мустаҷоб шуд. То пули рӯди Вахш – наздикии Қизилқалъа се посбонгоҳро гузаштем. Вақти аз назди кормандони Бозрасии автомобилӣ гузаштанамон ҳамон дуои болозикрро айнан бо баъзе тағйироту иловаҳо ва ихтисорот такрор мекардам. «Зил» -и мо бе хавф бо чор тонна пиёз бодвор ба пеш ҳаракат мекард…
Як чиз ҳайратамро меафзуд. Ҳангоми нозирони роҳро дидану дуои болоиро такрор намуданам, ваҷоҳати ронанда дигаргун мешуд. Рангу рӯяш мепарид…
- Худованд ба ман мартабаи авлиёгиро арзонӣ карда бошад,- мегуфтам худ ба худ. Агар ҳоло бо «Жигулӣ» -и худам савор мебудам, дар чанд ҷо кормандони БДА бандаро боздошта, пурсуков карда, суханҳои пасту баланд гуфта, санад тартиб дода, баъд ҷавобам медоданд.
Чун ин лаҳзаҳо ба мушоҳида нарасиданд, камина пурра бовар ҳосил кардам, ки маснади «авлёгӣ» ҳаққи ҳалолам гардидааст.
То ағбаи «Фахробод» қариб ҳафт дидбонгоҳро бе монеа гузаштем. Ман ба ронанда аз ҳар кӯю дар суҳбат ороста, бо латифаҳои намакин шикамсерӣ ӯро хандонданӣ мешудам. Аммо ӯ на танҳо намехандид, балки табассум ҳам намекард. «Майлаш кӯрнамак, наханд, аммо дониста бош, ман аллакай авлиё шудам» - мегуфтам ба дил.
Ниҳоят, баъди побонгоҳи « Фахробод»- ро гузаштан ба ронанда гуфтам: Бародар, шукрона кун, ифтихор намо, ки бо авлиёи ҳақиқӣ якҷо сафар дорӣ. Ба туфайли дар мошинаи ту нишастанам аз шарри кормандони БДА раҳоӣ ёфтӣ. Агар каромати ман намебуд, шояд онҳо ҳуҷҷатҳои туро гирифта, худатро аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум месохтанд. Шукр, ки дуои камина дар назди боргоҳи Ҳақ мустаҷобшаванда гардид…
Ронанда баъди қадре сукут кардан лаб ба сухан боз намуда гуфт:
- Гӯш кун , бародари шӯх! Ҳар лаҳзае, ки ту нисбати кормандони БДА дуои бад менамудӣ, мӯйсарам сих хеста, тоқиамро як ваҷаб аз сарам боло мебардошт. Аммо ман дандон ба дандон монда, ба ин гуфтаҳоят таҳаммул мекардам. Аз бадзабониат дилам мешӯрид. Бародари шӯх ту пешакӣ шодмонию хурсандӣ ҳам макун. Маснади авлиёгӣ ҳеҷ вақт насиби ту намегардад, - бо як ҳарорати махсус, бо асабоният ва қатъият сухан ронд ӯ.
- О, чаро бародарҷон, ношукрӣ карда, ин тавр мегӯйӣ охир,- пурсидам ман бо ҳайрату ҳаяҷон.
- Чунки ман корманди БДА- нозири роҳ!!!
Баъди ин суханҳоро аз забони ронанда шунидан ҳуш аз сар парида, ҳангу манг ва шах шуда мондам…
Ҳотам Ҳоҷӣ
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД


