Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАБЕҲИ МЕССӢ


Идеалӣ ӯ дар футбол Леонел Мессӣ аст. Ба қавли тағояш Хушмуҳаммад Қадриддинов, ки ӯ низ дӯстдорӣ бозии футбол аст, ҳар вақте клуби футболи Барселона, ки Леонел Мессӣ дар он солҳои зиёд бозӣ кардааст, ғалаба мекард Муҳаммад аз хурсандӣ дар курта намеғунҷид. Агар мабодо рафту ба шикаст мувоҷеҳ мешуд, гиря гулӯгираш мекард ва беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд.
Бародари Муҳаммад Сиратулло Муҳиддинов низ футболбозӣ бомаҳорат аст. Дар дили ӯ низ шавқи футбол ҷӯш мезанад ва дар аксари мусобиқаҳо ҳамроҳи Муҳаммад бозӣ мекунад.
Чанд сол пеш Муҳаммад бо амри тақдир ба шаҳри Самараи Федератсияи Россия ба муҳоҷират рафт. Дар баробари кор дар муҳоҷират вақт ёфта, ба футбол машғул мешуд. Чун аз худ маҳорати баланд нишон медод, ба қавле зуд “харидор” пайдо кард. Масъулини клуби варзишии “Крилья советов”-и шаҳри Самара ӯро ба ин даста ҷалб карданд. Дар ҳайати ин клуби машҳури шаҳри Самара Муҳаммад хуб ҳунарнамоӣ кард ва дар як мавсим ба задани голҳои зиёд даст ёфт.
Дар ҳайати ин клуб ҳамаи шароит барои мо бозингарон муҳайё буд, - изҳор дошт дар идомаи суҳбат Муҳаммад. – Аммо орзуманди он будам, ки дар ягон тими меҳани худ бозӣ карда, шарафи Тоҷикистони азизро баланд бардорам. Баъди баргаштанам ба Тоҷикистон масъулини дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, ки ман дар ин ноҳия ба дунё омадааму дар ин ҷо ба воя расидам, маро даъват намуданд, то дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ кунам. Бе дудилагӣ ин даъватро пазируфтам ва айни ҳол дар ҳайати ин даста дар Лигаи дуюм бозӣ менамоям, - афзуд ӯ.
Ба гуфти директори Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён Парвиз Азимзода, Муҳаммад дар баробари футболбози хуб будан, бо хулқу атвори писандидааш намунаи ибрат аст. Хурду калонро ҳурмат мекунаду бо ҳамаи ҳамдастаҳояш муносибати хуб дорад. Чунон хушахлоқ аст, ки ягон маротиба аз даҳонаш ҳарфи ноҷое нашунидаем.
-Бо пайвастани Муҳаммад ба дастаи “Кӯшон” пешравиҳо дар ин даста зиёд шуданд, - гуфт Парвиз Азимзода. Дар мавсими соли 2022 дастаи “Кӯшон” барандаи Ҷоми вилояти Хатлон шуд ва Муҳаммад бо задани 20 гол ба дарвозаи ҳарифон бозингари беҳтарини Ҷоми вилояти Хатлон дар соли 2022 интихоб гардид. Умедворем, ки дар оянда низ бо нишон додани бозии хуб Муҳаммад ба дастовардҳои зиёде ноил мегардад ва шарафи ноҳияи Кӯшониёнро баланд мебардорад, - афзуд дар идома сарвари Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён Парвиз Азимзода.
Муҳаммад Муҳиддинов изҳори қаноатмандӣ аз он дорад, ки имрӯз дар Тоҷикистони биҳиштосо бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Пешвои муаззами миллат ҷавононро неруи ояндасози миллат меҳисобанд. Бунёди майдончаҳои варзишии замонавӣ дар маҳаллаҳо гувоҳӣ аз он медиҳад, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа дар сатҳи баланд аст. Инчунин, бо дастгириҳои бевоситаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, футбол дар кишварамон рушд карда истода, тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Бинобар ин, азм намудаам, ки бо саъю кӯшиши дучанд дар мусобиқаҳои ояндаи футбол маҳорати хуб нишон дода, парчамбардори ноҳияву вилоят ва Тоҷикистони азиз бошам, - мегӯяд Муҳаммад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД