Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шаҳиди роҳи Ватан
Дар ҷавонӣ пир мегардем мо,Дилнишони тир мегардем мо.
Он рӯз деҳаи Тутои Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод мотам дошт. Ҳамдеҳагон, хешу табор ва ёру дӯстон ба ҷанозаи ҷавонмарги шаҳидшуда Меҳроҷиддин Миралиев омада буданд ва бори охир бо ӯ видоъ мекарданд.
Ҷанозаи қаҳрамони ҷавон дар рӯи ҳавлии падариаш дар иҳотаи наздиконаш барои хайрбодӣ гузошта шуда буд. Ҳар нафар аз ҳозирин дар ин рӯз бо сухани ғамангезе садо баланд карда, алами дили худро барои нафари аз даст додааш холӣ мекард. Фарзандони Меҳроҷиддин низ дар канори ҷисми беҷони падар нишаста нола мекарданд.
Абдулло бачаи Саъдуллои Файзулло аз деҳаи Тудакавш ҳамроҳи писари раҳматии ман паҳлу ба паҳлу хизмат мекардаанд. Ва падари Абдулло дар ҷанозаи раҳматии Меҳроҷиддин иштирок намуда, тавассути ӯ ман бо писараш телефонӣ суҳбат кардам, ки то охирин лаҳзаҳои умри писарам ҳамроҳи ӯ будааст, - қисса мекунад падари Меъроҷиддин Талбак Миралиев. –Ҳамхизмати писарам зимни суҳбат иброз дошт, ки писарам дар рӯи дастони ӯ ҷон додааст… Тири нохалафон ба сари Меъроҷиддин расида буд, ки аз асари он аз олам даргузаштааст. Мо аз он ҳодиса як рӯз пас хабар ёфтем. Талбак Миралиев, ба ҳайси мудири қисми илмии МТМУ №39-и ноҳияи Муъминобод фаъолият дошта, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихор аз арзишҳои муқаддаси миллату ватандорӣ тарбият бинмудааст. Шодравон Меъроҷиддин Миралиев дар гурӯҳи «Алфа» хизмат дошта, ҳанӯз чанд вақт пештар ба рутбаи лейтенанти калон мушарраф гардида, вазифаи муовини командирро бар зимма дошт. Зимни суҳбат бо аҳли оилаи сарбози шаҳид модари ҷигархун иброз дошт, ки «Ҳама фикру зикри Меҳроҷиддин ба пешаи интихобнамудааш банд буд. Чор сол шуд аз ҳавлии падариаш кӯчида дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард. Ду писару як духтарча аз ӯ бе падар монданд.Маҳмудҷон писари калонии Меҳроҷиддин дар синфи 9 мехонад. Ӯ дар оянда табиб шуда, орзуву ормонҳои падари шаҳидашро амалӣ кардан мехоҳад. Алъон писарбача бо баҳои аъло таҳсил дошта, барои амалӣ намудани ваъдаи ба падар додааш, саъю кӯшиш менамояд. Ҳамсари Меъроҷиддин Ҷаҳонгул Сафарова омӯзгор буда, дар мактаби деҳа ҳамроҳи падарарӯсаш ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Дар рӯзҳои аёдати аҳли оилаи шаҳидони Ватан намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Суғд, раиси ноҳияи Муъминобод ва дигар масъулони сатҳи гуногун бо хонадони онҳо омада, дар баробари изҳори тасаллият ба аҳли оилаи Меъроҷиддин кумакҳои гуногун расониданд. Латифа Латифова, модари шаҳиди роҳи Ватан дар баробари гиряҳои ҷонгудозу навҳаи мотами писар, ба тақдир тан додаву шукргузорӣ аз он дорад, ки писари ватандӯсташ ба хотири ҳимояи Тоҷикистони азиз ҷонфидоӣ намудааст. -Умедворам, ки корномаи қаҳрамононаи мисли писари ман ҳомиёни Ватан мояи ифтихору таҳрики дигар наврасону ҷавонони деҳаи Тутои Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод ва ҳам кулли тоҷикистониён мегардад, - мегӯяд ӯ.Меҳроҷиддин Миралиев 29 сентябри соли 1983 дар деҳаи Тутои Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Дар оила 10 нафар, шаш духтару чор писар буданд Меъроҷиддин фарзанди калонии хонавода, соли 2001 МТМУ №39-ро бо муваффақият ба итмом расонида, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон месупорад. Аммо баъди шаш моҳи таҳсил дар донишкадаи мазкур бо сабаби беморӣ таҳсилро муваққатан қатъ мекунад. Баъдан, соли 2002 ба факултаи омӯзгори фанни забони англисии Коллеҷи омӯзгориии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, баъди хатми он фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгори МТМУ №39 оғоз бахшид. Сипас, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад ва баъди адои он дар ТВ Кӯлоб ба ҳайси наворбардор ба кор даромад. Дар ин миён таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДК идома дод. Ҳамин тавр, баъди ду соли фаъолият дар ТВ Кӯлоб шавқу рағбати низомӣ будан дар қалбаш ҷӯш мезад. Ин буд, ки дубора таҳсилро дар Донишкадаи ҳарбӣ идома дода, ҳамин сон, ба гурӯҳи «Алфа»-и намояндагии КДА М дар минтақаи Кӯлоб шомил гардид.Ёд дорам боре як афсар ба хонаи мо омада иброз дошт, ки мо писаратонро баъди гузаштан аз омӯзиши ҳарбӣ ба гурӯҳи «Алфа» ба кор мегирем, ба хотир меорад Талбак Миралиев. Мо гуфтем, ки фарзанди мо, фарзанди Ватан аст ва ҳар тасмиме дар ин ҷода мегирад, мояи ифтихору сарбаландии мост. Ҳамин тавр, Меъроҷиддини равоншод ба гурӯҳи «Алфа»-и КДА М-и минтақаи Кӯлоб ба кор даромада, зиёда аз 13 сол дар ин сохтор кор кард. Тӯли ин муддат ҳашт сол дар минтақаи Кӯлобу Рашт, ду сол дар ВМБК ва якуним соли охир дар вилояти Суғд дар марз бо Қирғизистон хизмати ҳарбиро анҷом медод. - Меҳроҷиддинро ман аз хурдиаш мешиносам ва овони мактабхонӣ ӯро аз фанни математика дарс медодам. Беҳад бачаи ҳушманду боинтизом буду бо баҳои аъло таҳсил мекард. Ҳамеша бо ҳамсинфон ва устодон ҳурмату эҳтиром дошт. Дар ҳолати шодӣ шодишарик ва дар ҳолати мусибат ғамшарики дӯстону ҳамдеҳагон буд. Барои ҳамин хислатҳои неки инсониаш ҳамаи мо вайро дӯст медоштем, – мегӯяд Д. Абдуллоев, муаллими фанни математикаи мактаби деҳа. Ватандӯстӣ маҳз аз дӯстдории деҳаву эҳтироми сокинони он ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ манша мегирад. Маҳз ҳамин гуна хислаҳои шоиставу ҷасорату шуҷоатмандии Меъроҷиддин буд, ки ӯро ба КДА М ба кор даъват намуданд. Ин ҷавонмарди ҷонфидои Тоҷикистон то охирин лаҳзаи ҳаёт дар хизмати Модар – Ватан буд, ки ин пешаи ифтихорӣ орзуи овони кӯдакиаш буд…
С. ХАЛИЛИЁН,
ноҳияи Муъминобод
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ 14:29Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд 14:266 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд 14:22ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025 15:18ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025 14:14БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД 14:1041 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД 14:07Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад 13:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад


