Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ХУДСОЗИВУ ВАТАНДОРӢ
Мусоҳиба бо Идибек Шарифзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
– Чун дар арафаи ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор дорем, хуб мешуд таассуроти худро аз рафти ташкилу баргузории нақша-чорабиниҳои бахшида ба ин санаи фархунда баён медоштед.
– Дар партави татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва бо мақсади истиқболи шоиста аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 30-юми апрели соли ҷорӣ бо қарори раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид нақша-чорабиниҳои моҳвораи Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ” тасдиқ гардид. Дар асоси он, аз 1 то 30-юми май дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, сиёсӣ, илмиву адабӣ ва мусобиқаҳои оммавии варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи ин чорабиниҳо ҷавонон аз осорхонаҳо, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, китобхонаҳо ва намоишҳои театрикунонидашуда боздид менамоянд, ҳамчунин бо фаъолияти қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон шинос мешаванд. Ҷавонони пешоҳанг, инчунин ба аёдати ҳамсолони имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо кумак мерасонанд. Дар баробари ин, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, семинарҳо ва конференсияҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон баргузор мегардад. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди зеҳнӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ равона шудаанд.
– ДАР МАВРИДИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ ҶОРӢ ЧӢ ГУФТАНИҲО ДОРЕД?
– Дар ҳудуди вилояти Хатлон 4207 иншооти варзишӣ фаъолият дорад, аз ҷумла 42 варзишгоҳ, 3270 майдончаи варзишӣ, 596 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 14 маҷмааи варзишӣ ва 246 иншооти махсуси варзишӣ.
Дар муассисаҳои варзишии вилоят, аз ҷумла “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”, “Мактаби махсуси варзишии вилоят ба номи С. Раҳимов”, 4 мактаби варзишии вилоятӣ ва 39 мактаби варзишии шаҳру ноҳияҳо 740 мураббӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 18 950 варзишгар, аз ҷумла 2 894 духтар ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Дар се моҳи аввали соли 2026 варзишгарони вилоят дар 10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 5 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 112 медали тилло, 122 нуқра ва 183 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 медал зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар доираи сиёсати ободонӣ ва созандагӣ, бо ташаббуси соҳибкорон ва ҷавонон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамин гуна иншоот дар Восеъ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Дӯстӣ, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Муъминобод сохта шудаанд. Дар маҷмуъ, як қатор толору майдончаҳои варзишӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 190 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.
– ДАР САМТИ ИЛМУ ҲУНАРОМӮЗӢ ВА ТАРБИЯИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН ЧӢ ТАДБИРҲО РОҲАНДОЗӢ ШУДААНД?
– Дар баробари илму касбомӯзӣ ва рушди ҷисмонӣ, ба тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва забономӯзии ҷавонон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷавонон ба маҳфилҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ҷалб карда мешаванд. Ин раванд дар рушди истеъдодҳо ва баланд бардоштани малакаи онҳо нақши муҳим дорад.
Тибқи маълумот, шумораи ҷавонон дар вилоят ба 1 миллиону 53 ҳазору 110 нафар мерасад, ки аз онҳо 759 ҳазору 451 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар шаҳру ноҳияҳо 26 бахши кор бо ҷавонон ва 14 маркази фарҳангии ҷавонон фаъолият доранд.
– НАҚШИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОНОНРО ЧӢ ГУНА АРЗЁБӢ МЕКУНЕД?
– Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва аз соли ҷорӣ “Шоҳномахонӣ” ба як майдони бузурги рақобати зеҳнӣ табдил ёфтаанд.
Ин озмунҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ ба рушди маърифатнокӣ, бедор кардани шавқу рағбат ба китобу илм ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, соли 2025 барои ҷавонони вилояти Хатлон бо дастовардҳои назаррас хотирмон гардид. Анӯшервон Раҳимов, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Данғара ва Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани Шоҳҷоиза мушарраф шуданд.
– ҲУЗУРИ ҶАВОНОН ДАР САФҲОИ ҲХДТ-РО ЧӢ ГУНА АРЗЁБӢ МЕКУНЕД?
– Ҷалби ҷавонон ба фаъолияти сиёсӣ ва шиносоӣ бо сохторҳои ҷамъиятӣ яке аз омилҳои муҳими рушди онҳо мебошад. Аз ин рӯ, бисёр ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мепайванданд. Худ низ аз давраи донишҷӯӣ бо фаъолияти ҳизб ошно гардида, онро мактаби сиёсӣ ва тарбиявӣ мешуморам. Имрӯз даҳҳо ҷавононе, ки дар ин мактаб тарбия гирифтаанд, дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Дар вилояти Хатлон 196 ҷавон вакили маҷлисҳои маҳаллӣ ва зиёда аз 1000 ҷавон дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд, ки 260 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
– ВАЗИФА ВА РИСОЛАТИ МАСЪУЛОНИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР САМТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ АЗ ЧӢ ИБОРАТ АСТ?
– Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон дар татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди ҷавонон саҳми фаъол мегузорад.
Ҷавонони имрӯз бояд худ намунаи ватандӯстӣ бошанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ман шахсан мактаби муҳими тарбия ва такмили шахсият буд.
Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ва дигар ниҳодҳо мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ, маҳфилҳо ва вохӯриҳои ватандӯстона баргузор мешаванд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ “хонишҳои сиёсӣ” ташкил гардида, бо иштироки масъулон суҳбатҳои судманд баргузор мегарданд, ки дар тарбияи насли ҷавон натиҷаҳои назаррас медиҳанд.
Мусоҳиб Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД 12:02ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ХУДСОЗИВУ ВАТАНДОРӢ 11:57ШУТУРМУРҒПАРВАРӢ ДАР ШАҲРИТУС: 11:52БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 15:00ҶАВОНОН САРМОЯИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ 12:08ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РИШТАИ МЕҲР
К И Т О Б Д О Р


