Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУТУРМУРҒПАРВАРӢ ДАР ШАҲРИТУС:
ШАВҚ Ё ТИҶОРАТИ ОЯНДАДОР?
Вақте аксари сокинони деҳоти Тоҷикистон мурғу чорвои одӣ парвариш мекунанд, як ҷавони чорводор дар Шаҳритус ба парвариши шутурмурғ машғул аст – парандае, ки бештар хоси қитъаи Африқо аст, на ҳавлӣ.
Дар деҳоти Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои ҷанубӣ, чорводорӣ яке аз манбаъҳои асосии даромад ба ҳисоб меравад. Аммо дар баробари он, тайи солҳои охир баъзе сокинон ба парвариши парандаҳои ғайриодӣ низ рӯ овардаанд, ҳарчанд ин соҳа ҳанӯз рушд накардааст.
Файзулло Собиров, ҷавони чорводор аз ноҳияи Шаҳритус аз зумраи чунин шахсони навовар аст. Ӯ пайваста талош мекунад, ки таҷрибаҳои навро дар амал татбиқ намояд. Ахиран бо харидории шутурмурғ парвариши ин парандаро дар қатори дигар чорвои хонагӣ ба роҳ монд.
– Як сол қабл аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 3 чӯҷаи шутурмурғро харида, ба ноҳияи Шаҳритус овардам, – мегӯяд Ф. Собиров. – Албатта, ҳоло дар давраи омӯзиш қарор дорам. Бо омӯхтани тамоми нозукиҳои парвариш, шумораи шутурмурғро зиёд карда, мехоҳам ба фурӯш гузорам.
Ба нақли ӯ, як сафари омӯзишии ӯ ба Ӯзбекистон шумораи парандаҳои нодири ӯро бештар кард. Шутурмурғ ягона парандае нест, ки ӯ нигоҳубин менамояд. Товус, мурғи даштӣ (фазан), сасарка, кабк, бедона, кафтарҳои товусӣ ё павлин, мурғи марҷон, мурғҳои ороишӣ ва ба ин монанд парандаҳои дигарро ҳам ӯ дар ҳавлиаш парвариш мекунад.
Самти асосии фаъолияти ин ҷавони навовар асосан чорводорист. Ӯ чорвои калони шохдорро харида, фарбеҳ карда, баъдан ба нуқтаҳои гӯшт месупорад ва бо ин васила зиндагии худро таъмин месозад.
Парвариши парандаҳои нодир барои ӯ шавқ ва шуғли писандидаи иловагӣ гаштааст.
– Албатта, ки ҳама мехоҳад даромади худро рушд диҳад, – мегӯяд Файзулло қаҳрамони матлаб. – Вақте дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо таҷрибаи бародарону дӯстони ӯзбекистониам шинос шудам, пеши худ мақсад гузоштам то ин таҷрибаро дар кишвари худамон ҷорӣ кунам. Фикр мекунам зуд меомӯзаму дар ин самт ҳам муваффақ хоҳам шуд.
Барои парвариши шутурмурғ ҷойи васеъ, ҳавои кушод ва нигоҳубини махсус лозим аст. Ба онҳо ғизои дуруст, девори мустаҳкам ва шароити бехатар лозим мешавад, зеро онҳо калонҷусса ва хеле фаъоланд.
Шутурмурғ, калонтарин паранда дар рӯйи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Баландии он то 2,7 метр ва вазнаш то ба 170 кг мерасад. Ин паранда парвоз карда наметавонад, аммо то 70 км дар як соат метавонад давад. Дар як сол то 40-60 тухм мегузорад. Як тухми он баробар аст ба 20-24 тухми мурғ. Умри шутурмурғ дар шароити хуб метавонад беш аз 40 сол бошад.
Таҷрибаи Файзулло Собиров нишон медиҳад, ки дар шароити деҳот низ метавон ба парвариши парандаҳои нодир машғул шуд. Ҳарчанд ӯ ин ҷодаро ҳамчун шавқ оғоз бахшида бошад ҳам, дар оянда метавонад ба як самти иловагии даромад табдил диҳад.
Н. Исо, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




