Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
30 соли ҷаҳду талошҳо баҳри ободонию бунёдкорӣ
МардумиТоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллатро бошукӯҳу шањомат ҷашн гирифт. Ин санаи муҳиму таърихӣ саҳифаҳои наверо дар таърихи давлатдории навини тољикон боз намуд. Наҷоти миллат ва давлати тоҷикон аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз гардидааст. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия таъсиси вилояти Хатлон матраҳ гардида, 2 декабри соли 1992, таҳти рақами 755, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расидааст.Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон таи 30 сол мешавад, ки шоҳиди таҳаввулоти азими созандагию бунёдкорӣ дар кишвар мегарданд ва бо ифтихору сарфарозӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар татбиқи ҳадафҳои пешгиирфтаи Пешвои муаззами миллат иқдомҳои бузурги созандагиро ба анҷом мерасонанд.
Боиси хушнудист, ки сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон ба мисли тамоми халқи шарафманди Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониро вусъати тоза бахшиданд.
Мардуми ҳимматбаланди вилояти Хатлон бо номи Истиқлол ташаббусу иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуда, дар обод намудани ҳар як гӯшаи диёрамон саҳми муносиб мегузоранд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо то дар дурдасттарин рустову мавзеъҳои вилояти Хатлон иқдомҳои бузурги созандагӣ идома дорад. Мардуми меҳандӯст бо меҳру муҳаббати бепоён ва рӯҳияи ватансозӣ дар ободиву пешрафти диёри хеш саҳм мегузоранд.
30 сол муддати тӯлонӣ набошад ҳам, аммо дар ин давра, аниқтараш таи як даҳсолаи охир он қадар ташаббусҳои бузурги бунёдгариву ободгарӣ амалӣ шуда истодааст, ки назирашро дар ягон давру замон ёд надорем. Биноан, дар ин марҳилаи муҳими созандагӣ метавон, ҷилд-ҷилд достонҳои таърихӣ навишт, ки ин ҳама дар тарбияи худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу ояндаи мо нақши ниҳоят муҳим мебозад.
30-юмин солгарди таъсисёбии вилояти Хатлон муборак!
«САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд 12:31ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


