Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 ноя 15:47Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
МАҶМААИ ИСТИҚЛОЛ
Дар арафаи таҷлил аз 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи рамзи «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт. Дар майдони «Истиқлол» беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ, ки шумораи зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд. Дар ин озмун, ки 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид, 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд. Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, сазовори ҷойи якум шуд. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдорифодагари тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад. Ҳангоми таҳияи Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи «дарахти ҳаёт» такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд. Аз ҷумла, «дарахти ҳаёт» бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя – рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамояд. Маҷмааи майдони «Истиқлол» аз бахшҳои алоҳида иборат буда, дар маркази боғ бино ёфтааст, ки аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд. Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи «Истиқлол» рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр - рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум менамояд.Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7даромадгоҳ иборат мебошад.Яке аз ҷойҳои ҷолиби маҷмаа майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14, дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад. Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектарро дар бар гирфта, аз ин 2,7 гектари онро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил медиҳад. Дар майдони «Истиқлол» бо ибтикори Сарвари давлат дар давоми ду сол зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шудааст.
Баъди ба истифода додани Майдони «Истиқлол» ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон гардид. Зеро дар ин ҷо рамзи истиқлол ва озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта шудаааст.
Маврид ба зикр аст, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд. Дар ин озмун, ки 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид, 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд. Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, сазовори ҷойи якум шуд. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдорифодагари тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад. Ҳангоми таҳияи Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи «дарахти ҳаёт» такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд. Аз ҷумла, «дарахти ҳаёт» бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя – рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамояд. Маҷмааи майдони «Истиқлол» аз бахшҳои алоҳида иборат буда, дар маркази боғ бино ёфтааст, ки аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд. Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи «Истиқлол» рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр - рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум менамояд.Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7даромадгоҳ иборат мебошад.Яке аз ҷойҳои ҷолиби маҷмаа майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14, дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад. Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектарро дар бар гирфта, аз ин 2,7 гектари онро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил медиҳад. Дар майдони «Истиқлол» бо ибтикори Сарвари давлат дар давоми ду сол зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шудааст.Баъди ба истифода додани Майдони «Истиқлол» ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон гардид. Зеро дар ин ҷо рамзи истиқлол ва озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта шудаааст.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС


