Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бонуе аз дунёи ҳунармандон
Бонуе аз дунёи ҳунармандон Ҳунар ганҷинаест, ки аз ҳама ганҷҳо қиматтару аз ҳама зинаҳо болотар. Аз инсон метавон ҳама чизашро аз даст гирифт, вале ҳунарашро не, зеро шахси ҳунарманд ҳамеша дар дилу дидаи мардум ҷой мегирад ва бо маҳсули дастонаш дар ҷомеа эътибор дорад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз… Сайри олами дурдонаҳо моро ба олами афсонавии ҳунарманди асил, ҳунарманде,ки дар касбу ҳунари худ содиқ аст Шамъигул Мирзоева бурд. Ҳангоми ворид шудан ба хонаи ин ҳунарманди моҳир касро ба олами саропо зебоӣ, тахайюлоти бою рангине, ки аз диданаш чашм кандан душвор аст, равона месозад.
Соҳибзафару саодатманд он модарест, ки дар баробари модари ҳалиму ғамгусор ва бибии ғамхору меҳрубон будан, инчунин аз касбу ҳунарҳои зиёде бархурдор аст. Бо шарофати ба роҳ мондани имконият баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо бонувони кишвари мо ба ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ ва амсоли инҳо машғул шуда, бо завқи беандоза суннатҳои миллиро рушд медиҳанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон низ кам нестанд, бонувоне, ки бо маҳорати баланди ҳунарии хеш дар озмуну намоишҳои ҳунарӣ суннати аз ниёгонамон меросмондаро муаррифӣ менамоянд.
Шамъигул Мирзоева аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки на танҳо дар деҳа, балки берун аз он низ бо ҳунару маҳорати баланди дузандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, курпаву болиштдӯзӣ, рафидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳояш миёни мардуми Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иззату эҳтироми хоса дорад.
Вақте дар синфи 5-ум мехондам модарам Холбегим Қодирова, ки аз ҳунармандони номдори деҳа буданд, бо як шавқу ҳавас барои ҳамдеҳагон ва дигар толибони ҳунари худ кӯрпаву болишт ва сарулибоси занона медӯхт, - ба ёд меорад аз овони кӯдакиҳои худ. - Дастдӯздҳои модарамро дида, шавқи омӯзиши ин ҳунарҳо дар дилам ҳувайдо шуда буд, ки ҳамин сон аз синфи шаш хонданам ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ пардохтам.
Чун дар айёми ҷавони орзуи духтур шудан доштам ва баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ орзу доштам ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шавам. Аммо бинобар мушкилоти хонаводагӣ волидонам ба идомаи таҳсилам ризоят надоданд. Бинобар ин, ба хотири такмили донишу ҳунарҳои аз модар омӯхтаам, кӯшиш намуда, дар муддати кӯтоҳ тамоми нозукиҳои ин ҳунарро аз вай омӯхтам. Ҳунарманди асил зиндагиро бидуни ҳунарҳои азбаркардааш тасаввур карда наметавонад.
Дунёи ҳунарманд ва дастранҷҳои омодакардааш бинандаро ба олами зебову нотакрор бурда, ба кас неруи тозаву андешаҳои созанда илқо мекунад. Ҳунарҳои мардумӣ барои холаи Шамъигул, низ ба қавле «Чашмаи зояндаву давлати поянда аст.». Ӯ бо ҳунари аз модар ва дигар солмандони деҳа омӯхтааш миёни мардум обрӯю мартабаи зиёд дорад.
Шукри даврони Истиқлоли кишвар, дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат танҳо аз деҳаи мо даҳҳо занону духтарони ҳунарманд, аз қабили монанди Идимо Раҳимова, Файзигул Валиева, Хайриниссо Мирзоева ва дигарон имкон пайдо карданд, ки дастранҷи худро ба озмуну фестивалҳои ҳунарии сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ бароранд, - бо ифтихор изҳор медорад Хобегим.
Аз соли 2018 инҷониб бо дастгирии котиби Ҷамоати деҳоти «Навобод» Азизхоним Самизода, холаи Шаъмигул ва чанде аз занони ҳунарманди деҳот дар фестивалҳои «Садранги чакан»,«Таронаи чакан», «Чакомаи гесу»,«Ҳунарҳои мардумӣ» ва инчунин дар озмуни «Оилаи беҳтарин» низ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ ва сипоснома гардидаанд.
Ин зани ҳунарманд новобаста, аз мушкилоти рӯзгору кори саҳро инчунин, дар хонааш як ҳуҷра барои ҳунаромӯзии бонувон кушода, то имрӯз ба 50 нафар духтарони деҳот ҳунарҳои гуногун омӯзонидааст. Зимни суҳбат ин зани ҳунарманд иброз дошт, ки имрӯз маҳсули ҳунари д астонашро духтароне, ки ба шавҳар мебароянд, ҳатман аз кӯрпадӯзиҳо, зардӯзиҳо ва чодару дигар намуди гулдӯзиҳо истифода мебаранд. Бештар дар фасли баҳор духтарон барои дӯхтани нақши гул дар рӯи матоъ бисёртар муроҷиат менамоянд.
Баъзан вақт барои духтарон куртаи чакан низ медӯзад. Холаи Шамъигул дар баробари омӯхтани ҳунар ба шогирдон, инчунин, ба деҳқонӣ низ майлу рағбати зиёд дорад. Ҳар гоҳ, ки ғамгин шаваму бекор монам ба кишту кори саҳро ва замини наздиҳавлигиам машғул мешавам, зеро бекориву кунҷи хонаро қабул надорам,-табассумомез иброз дошт ҳамсуҳбати мо. Ба гуфти Азизхоним Самизода, котиби Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои хоҷагии халқ, тӯли 5 сол мешавад, ки Шамъигул Мирзоева бо ҳунарҳои офаридааш дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ фаъолона иштирок мекунад.
Шамъигул Мирзоева ба он назар аст, ки ҳар шахс бояд ҳунар омӯзад. Чун шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи касе намегардад. Дар ҳама ҳолат метавонад, бо ҳунари доштааш худро аз ҳар гуна мушкилоти иқтисодии зиндагӣ берун созад. Ин зани ҳунарманд дар оянда нақша дорад, ки барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани он синфхонаи алоҳидае омода намояду дар он шогирдони зиёдеро ҳунарвар гардонад.
Хайрулло САЪДУЛЛОЕВ,
коромӯзи «САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


