Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУҶАССАМАИ ИСТИҚЛОЛ
Ин баландӣ рамзи Истиқлоли халқи тоҷик аст,Тахти бахту минбари иқболи халқи тоҷик аст.
Ин манори сулҳу бурҷи побаҷои ваҳдат аст,
Қалъаи уммеду кохи бегазанди миллат аст.
Дорад осоре зи кӯҳи осмонбӯси диёр,
Ёд орад тарҳи мардони баномуси диёр.
Қиссаҳо дорад зи разми Рустаму Туси диёр,
Хишту ҳар ангораи он аст қомуси диёр.
Ин баландӣ ҳайкали Айнию Турсунзода аст,
Ҳайкали сарбози дар ҳифзи ватан ҷондода аст.
Ин баландӣ нардбон аст, ин баландӣ ҷода аст,
По ба ҳар як зинааш соҳибватан бинҳодааст.
Ин баландӣ роҳи аз поён ба боло рафтан аст,
Зинароҳи орзуи сӯи фардо рафтан аст.
Ин баландӣ ёдгори давраи озодӣ аст,
Чашми кас аз диданаш пур аз нигоҳи шодӣ аст.
Ин баландӣ сарбаландии Куруши сонӣ аст,
Тарҳи меҳанпарвари бемисл дар инсонӣ аст.
Ин нишон аз Пешвои чеҳрааш нуронӣ аст,
Нусхае аз қуллаи шоҳаншаҳи Сомонӣ аст.
Ин баландӣ баҳри аз марказ Ватанро дидан аст,
Кишвари сабзи пур аз боғу чаманро дидан аст.
Мулки номаш дар ҷаҳон ғул-ғулфиканро дидан аст,
Миллати осудаи якҷонутанро дидан аст.
шоири Муҳаммад Ғоиб
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


