Чакан - намунае аз ҳунарҳои асили бостонӣ

Чакан аз ҳунарҳои ниҳоят қадимии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ба ҳаёту сатҳи зиндагӣ маданияту расму оинҳо ва ҷаҳони маънавии миллати мо алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ба вижа,  дар замони соҳибистиқлолӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, ҷомеаи башарӣ дар симои тоҷик миллати тамаддунофару ваҳдатгаро, донишманду меросбари илмҳои гуногун ва поягузори кашфиётҳои бузурги оламро тасаввур дошта, дар баробари дигар арзишҳои милливу фарҳангӣ, чаканро намоди барҷастаи миллат ва либоси асосии зан- модари тоҷик мешуморанд.
Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи рушду эҳёи  ҳунарҳои миллӣ санъати чакандӯзӣ низ дар кишварамон ривоҷу равнақ ёфта, ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чакан ҳамчун мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи олам муаррифӣ гардида, дар дохилу хориҷ аз кишварамон шаъну шуҳрати беандоза пайдо кард. Ҳамин сон, давоми қариб ду даҳсолаи гузашта бонувони Тоҷикистон сарулибоси чаканро ҳамчун намоди миллӣ дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд. Хушбахтона, баъд аз таъсис ёфтани Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ЮНЕСКО дар соли 2008 то имрӯз дар радифи 510 номгӯи урфу анъанаҳо ва расму ҳунарҳои миллии кишварҳои олам “Оши палав”, “Наврӯз” ва “Чакан” –и тоҷикон низ ба ин феҳрист шомил карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки барои ба мероси  фарҳанги ғайримоддии башарият шомил намудани “Чакан” ин ҳунари аҷдодӣ нахуст дар сарзамини меросбарони он рушду равнақ ёфта, баъди 5 соли талошҳои ҷониби Тоҷикистон санаи 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор шуда буд, “Чакан” ба феҳристи мазкур шомил карда шуд.
Ҳамин тавр, бо таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи он дар ҳамаи ҷашну чорабиниҳои фарҳангии сатҳи гуногун аз ҷумла, Фестивал-озмунҳои «Андалеб», «Чакомаи гесӯ», «Сапеда», «Чакан», намоиши байналмилалии муд - «Диёри ҳусн», таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз», «Меҳргон», рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, «Шашмақом», «Фалак» санъати чакан ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳангу маданияти тоҷикон муаррифӣ мегардад. Ҳамзамон, ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар низ муаррифгари ин санъати аҷдодӣ дар арсаи олам буданд. Имрӯз сарулибоси чакан натанҳо дар ҷаласаву чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ, балки тавассути ҳамватанони бурунмарзии мо дар намоишҳои гуногуни фарҳангӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва созмонҳои ҷамъиятҳои дӯстии байни тоҷикону миллатҳои дигар муаррифӣ шуда, ин либоси миллӣ ҳамчун намунаи беназири ҳунарҳои мардумӣ ба чорабиниҳо ҳусну таровати тоза мебахшад.
Агар ба гузори ду даҳсолаи охир назар афканем барои рушду тарғиби чакан дар вилояти Хатлон даҳҳо иқдому чорабиниҳои гуногун рӯи кор омада, давра ба давра чакан ба мавзӯи сархати расонаҳои кишвар табдил ёфтааст. Ҷамъбасти Фестивали «Таронаи чакан – таронаи ориёнӣ», дар моҳи майи соли 2006 дар вилояти Хатлон,  баргузор гардид. Намоиши «Чакан»-и Кӯлоб дар 3-юмин Ярмаркаи байналмилалӣ дар Вилояти Мухтори Синзян Уйғури Хитой дар соли 2007,  Намоиши либосҳои тоҷикӣ-атлас ва чакан дар шаҳри Вашингтони ИМА соли 2009 ва дигар чорабиниву намоишҳои сатҳи байналмилалӣ буд, ки либоси чакан мавриди таваҷҷуҳи занону духтарони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ гардида, имрӯз он дар саросари дунё ҳамчун либоси муд маълуму машҳур аст.
Ҳамчунин, дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чанд соли охир ба нишони арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихиву фарҳангии миллат дар кишварамон Фестивал- озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз ташкилу баргузории Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» баланд бардоштани мақому манзалати ҳунари чакандӯзӣ, тарғиби ҳунармандиҳои беназири миллии занону ҷавондухтарон, намоиш додани ҳунари волои тарроҳон ва густариши санъати баланди чеварон-дӯзандагони чакану қаламкашони моҳири чирадаст арзёбӣ мегардад.
Санаи 11-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб даври вилоятии Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Фестивал –озмуни «Сад ранги чакан» аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, меҳмонон аз дастовардҳои пешаварони чирадасти шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба маҳсули ҳунарҳои беназири чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, сӯзанӣ, болишту ҷойпӯш, тоқиву зардеворӣ ва ҳунарҳои оҳангариву санъати рассомии ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Дар маросими расмии Фестивал –озмуни «Сад ранги чакан» муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад, ки санъати чакан намунаи беназири он мебошад.
Тавре зикр гардид, дар Фестивал озмуни “Сад ранги чакан”  ҳунармандон аз рӯи шартҳои намоиши дастовардҳои чевари чакандӯз, шумори дастпарварои ҳунарманд, инъикоси моҳиронаи нақшу нигори миллӣ дар либоси муосир, таҷассуми тахайюлоти тарроҳ, маҳсули офаридаҳои худро ба намоиш гузошта буданд. Воқеан, дар ин рӯз саҳни ҳавлӣ ва толорҳои Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб намоишгоҳи бузурги ҳунарҳои мардумиро мемонд, ки бонувони гулдаст дастранҷҳои ҳунарии худро дар чанд қисмат, аз ҷумла,  бахши сарулибоси расмӣ, либосҳои мардона, кӯдакона, барои маросимҳои мардумӣ ва қисмати либосҳои сӯзаниву қуроқдӯзӣ манзури меҳмонону иштирокчиёни Фестивал гардонида буданд.
Дарвоқеъ, солҳои охир Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифта истодааст, аз љумлаи тадбирҳое ҳисобида мешаванд, ки ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад.
Фестивали «Сад ранги чакан (чакандӯзӣ) аз љумлаи чунин тадбирҳои ҷадид ҷиҳати гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ арзёбӣ гардида, барои муайян кардани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар се давра, аз сатҳи маҳаллаҳо, деҳа ва шаҳраку ҷамоатҳо ва даври дуюми он дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Маҳз бо баргузории Фестивал озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” паҳлуҳои то ҳанӯз кашф нашудаи ҳунару  анъанаҳо миллӣ, санъати асили гулдӯзиву сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзиву навъҳои дигари нақшу нигори миллӣ аз нав  эҳё гардида, пешкаши мухлисону баҳрабарони ин ҳунари воло хоҳад шуд.
Чуноне, ки мушоҳида мешавад, сол аз сол таваҷҷуҳи занону духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ бештар гардида, ҳамзамон фарҳанги либоспӯшии онҳо шоёни таҳсин ва намунаи ибрат барои дигар халқу миллатҳои олам мегардад. Зеро бо мурури замон таваҷҷуҳи бонувони мо ба сарулибоси чакан зиёд гардида, ин намоди миллӣ ба либоси расмии бонувон табдил ёфта истодааст, ки аз эътирофи ин ҳунари мардумӣ ҳамчун санъати асилу мондагор дарак медиҳад.

Юсуфи Собир, шаҳри Кӯлоб
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий