Бойгонӣ
Апрель 2025 (12)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)
30 дек 11:35Иҷтимоъ / Мақомот

ЯК СОЛИ БОБАРОРИ ХАТЛОН

Сухани сармуҳаррир


      Инак, боз як соли пурсаодату пурсаховати таърихӣ сипарӣ мегардад. Соли 2019 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ саҳифаҳои нотакрореро сабт намуд. 2019 аз оғоз барои вилояти овозадори Хатлон пур аз рӯйдодҳои хотирмону фараҳбахш буд, ки таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ аз ҷумлаи онҳост.



Давоми соли 2019 якчанд маротиба сафарҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ба вуқӯъ пайваст. Меҳнаткашони вилояти Хатлон дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Роҳбари давлатро ҳадафи асосӣ қарор дода,  ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Бояд зикр намуд, ки сафарҳои Сарвари давлат, суҳбату вохӯриҳо бо сокинон дар пешбурди фаъолияти гуногунҷанбаи ҷомеа неруву илҳоми тоза бахшид. Тавре раиси вилояти Хатлон дар баромади хеш зикр намуд, «Дастовардҳои дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бадастомадаро аҳли заҳмати вилояти Хатлон аз таваҷҷуҳи хоса, дастгириву ғамхориҳо ва роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон медонанд ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо талоши ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ баҳри татбиқи ташаббусҳои наҷибу арзанда ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар ободии сарзамини ачдодии хеш, аз ҷумла бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоранд». 

Аз файзу баракат ва ҳидоятҳои роҳнамои Пешвои миллат дар вилоят корҳои бузурги ободонию созандагӣ вусъат ёфта, шаҳру навоҳии вилоят сол то сол ободу зеботар гашта, биноҳои хуштарҳу муосир, муассисаҳои таълимиву корхонаҳои истеҳсолӣ ва даҳҳо иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ифтитоҳи боғҳои фарҳангӣ –фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба номи Сайдалӣ Вализода, боғи миллии Сомониён, боғи «Хатлон», гулгашти  ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу таровати  шаҳрро боз ҳам афзунтар намуд. Пайваста афзоиш ёфтани шумораи сайёҳон дар вилоят бозгӯи он аст, ки вилояти мо рӯз то рӯз ободу зебо ва соҳаи сайёҳӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, манзараҳои дилфиребу мавзеъҳои таърихии он шоиста муаррифӣ мегардад. Дар ин давра ба вилоят 203 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла 18,3 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихию дилрабои шаҳру навоҳии вилоят дидан намуданд.

Соли ҷорӣ дар баробари пешрафти соҳоти гуногуни хоҷагии халқи вилоят , ҳосили баланди зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ҷомеаи Хатлон дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас мушарраф гардид. Дар ин давра дар вилоят 76 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 780 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре зикр намудем, дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо чашмрас буданд. Соли ҷорӣ варзишгарон-парчамбардорони вилоят дар 103 чемпионат ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, мақоми ифтихориро касб намуданд. Варзишгарони хатлонӣ аз ин мусобиқаҳо 590 медали тилло, 554 медали нуқра, 788 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1932 медал ба даст оварданд.

Имсол низ барои мардуми заҳматқарини вилояти Хатлон соли омӯзишу баҳрабардорӣ аз вохӯрию ҳамоишҳо ва чорабиниҳои гуногуни оммавӣ буд. Соли равон ба хотири маърифатнокии аҳолӣ, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, тарбияи ватандӯстию дигар арзишҳои миллӣ чорабиниҳои зиёд баргузор гашт, ки ҳамаи ин дар тарбияи худшиносию меҳанпарастӣ нақши муҳим гузошт. Аз ҷумла, баргузории озмуни вилоятии «Ободгари Ватан», ки бо мақсади ҳавасмандии ташкилоту муассиса, соҳибкорон ва шахсони барӯманд бо қарори раиси вилояти Хатлон ташкил гашта,  ҳар семоҳа ҷамъбаст, ғолибон қадрдонӣ мегарданд. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузории як қатор чорабиниҳо, озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, аз ҷумла фестивал-озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Намоиш - фурӯши биринҷ ва шолӣ», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Ҳунар беҳ аз симу зар», «Сад ранги чакан», «Атласу адрас», «Ҷилваи рангҳо», «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Таомҳои миллӣ», «Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ», «Сайри гули лола» ва ғайра дар зеҳни ҳар нафар таассуроти нек боқӣ гузошт.

Саодату сафои рӯзгор аз сафои кишвар маншаъ мегирад. Ободию осудагӣ бошад, беҳтарин ва арзишмандтарин сармояи бебаҳои кишвар аст. Итминони комил дорем, минбаъд низ сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Хатлон бо шукргузорӣ аз ободию озодӣ, тинҷию амонӣ, пешрафту ободии ин сарзамини биҳиштосо ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри амали намудани иқдомҳои созандаву наҷиби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти Ватани худ саҳми сазовор мегузоранд. 

Аҳли эҷоди маҷаллаи «Сафо» фарорасии Соли нави мелодиро ба ҳамватанон табрик гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу сафо, тинҷию осудагӣ ва рӯзгори пурсаодатро таманно мекунад. 

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!


«Сафо»
Добавить комментарий