Бойгонӣ

ТАРОНАИ ВАҲДАТ


Заъфарониҳою заъфи рӯзгори мо гузашт,

Рӯшанӣ омад, чӣ хуш шабҳои тори мо гузашт.


Шохаи пажмурдаи миллат зи нав сарсабз шуд.

Навбаҳор омад хазони майсазори мо гузашт.


Тоҷики саргашта аз нав сарфарозӣ мекунад.

Сарбуриданҳои шоми ғамгусори мо гузашт.


Аз парешонӣ сухан ҳаргиз магӯ, ай ҷони ман,

Даври Ваҳдат даррасид, ваҳдатшикори мо гузашт.


Шодии дилро чӣ сон тасвир созам бо сухан,

Сӯзишу сахтию дарди дилфигори мо гузашт.


Нияти шайтони малъун қалби нопокаш дарид,

Шуълаи хуршеди Ваҳдат бар диёри мо гузашт.


Миллати ғарқобаи дардам ба офият расид.

Шоми яъсу ноумедӣ аз канори мо гузашт.


Ҳадяи Парвардигори мо ҳамин Ваҳдат шуда,

Душмани нокоми мо аз теғи дори мо гузашт.


Созу оҳанги хуши миллат танинандоз шуд.

Марсияхонӣ сари санги мазори мо гузашт.


Ҳиллаю найранги душман корагар дигар нашуд,

Тири душман хок хўрд, даври шикори мо гузашт.


Духтари дилдодаи тоҷик ба дилдораш расид,

Гардани каҷ шиштани зебонигори мо гузашт.


Дар Душанбе Сарвари тоҷик ба ҳайси Пешвост,

Лаҳзаи ҳузновару чашмони чори мо гузашт.


Шарбати Ваҳдат ба ҳам нӯшем бо сидқу вафо,

Заҳрнўшиҳои халқи тоҷдори мо гузашт.


Гармии оғўши гарми дӯстон гармам намуд,

Сардрӯзиҳои сарди рӯзгори мо гузашт.


Мурдан ин амри Ҳақу Давлат наметарсад аз он,

Чун парешонии халқи дӯстдори мо гузашт.

                                          

Давлати СУЛТОН

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019