Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАРАХТОНИ НОДИРИ ИТОЛИЁӢ ДАР БОХТАР
Дар доираи иҷрои корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии маркази маъмурии вилоят - шаҳри Бохтар дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш” бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дарахтони нодири ороишӣ, ки аз Аврупо оварда шудаанд, шинонида шуданд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, ҳоло 15 намуди дарахтони ороишӣ, аз ҷумла лев, прупус, пикардӣ, канзан ва дигар номгӯи дарахтони ороишӣ, ки ҳудудан аз 15 то 22-солаанд, шинонида шуданд.
500 бех дарахтони нодир аз Италия ва Олмон ба Хатлон оварда шуда, бо тавсияи ниҳолпарварони хориҷӣ онҳоро дар ин боғи дилоро шинонида мешавад. Мутахассисон аз Италия муҳити Ватани моро ҷиҳати камолёбии ин дарахтони бисёрсола муфид арзёбӣ карда, табиати Хатлонро ба иёлати Калифорнияи ИМА мушобеҳ донистанд.
Воқеан ҳам, майдони “70-солагии водии Вахш” ва гулгашти назди Нишони давлатӣ бо дастгирии раиси вилоят ободу зебо шуда истодааст. Дар назар аст, ки ин гулгашт ва майдони Нишони давлатӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз расман мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини шаҳри Бохтар, роҳбарони корхонаҳои кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дастур доданд, ки дар доираи иҷрои корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба сабзиши онҳо низ диққати ҷиддӣ равона созанд.
Қобили зикр аст, ки бахшида ба ҷашнҳои пурифтихори миллӣ - Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаву роҳҳои марказӣ вусъати тоза касб кардааст.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ