Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
12 фев 10:03Ахбор / Сиёсат

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

     1 - уми марти соли 2020 маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мегардад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мутобиқи моддаи 69 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 - и қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 - и қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ» 1 - уми марти соли 2020 маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мегардад.

Дар ноҳияи Кӯшониён, бахусус, Ҷамоатҳои деҳоти «Сарвати Истиқлол» ва «Заргар» ба маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Дар участкаҳои интихоботии рақамҳои 53 ва 54 - и ноҳияи Кӯшониён воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор кардани маъракаи муҳими сиёсӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

        Чун дар участкаҳои интихоботии рақамҳои 53 - 54 дар участкаҳои интихоботии рақамҳои 27, 28 ва 29, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ҷойгиранд, ба маъракаи интихобот ҳаматарафа омодагӣ гирифтаанд. Шиору хитобаҳои даъваткунанда ва ватандӯстона, рӯйхати интихобкунандагон, гӯшаҳои иттилоотӣ, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои интихоботӣ, хонаи модару кӯдак, духтур ва дигар лавозимоти зарурӣ дар участкаҳои зикргардида, муҳайё мебошад. Дар участкаи интихоботии рақами 27 1 ҳазору 942 овоздиҳанда аз ҷумла, 300 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, 160 нафар бори аввал ва 16 маъюб, дар участкаи интихоботии рақами 29 1 ҳазору 296 интихобкунанда аз ҷумла, 292 муҳоҷирони меҳнатӣ, 15 нафар бори  аввал ва дар участкаи интихоботии рақами 28 бошад, 1 ҳазору 274 интихобкунанда 1 - уми март ба ҷонибдории вакили арзандаи хеш ва ҳизби интихобкардаашон овоз хоҳанд дод.

Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён бошад, дар 12 участкаи интихоботӣ ва 9 ҳавза 29 ҳазору 248 нафар интихобкунандагон ба тарафдории номзади арзанда ва ҳизби интихобкардаи худ овоз медиҳанд. Участкаҳои интихоботии рақамҳои 62 ва 39 дар ҳавзаи интихоботии рақами 35 дар дабистони рақами 9 ҷойгир буда, 2 ҳазору 339 овоздиҳандаро фарогир мебошад. Дар участкаҳои интихоботии рақами 38 ва рақами 61 2 ҳазору 513 интихобкунанда баҳри фардои дурахшони ватан дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории ҳизбу номзади арзандаи хеш овоз хоҳанд дод. Дар участкаҳои интихоботии номбурда ҳама шароит барои овоздиҳандагон муҳайё гардидааст.

Масъулини ҳавза ва участкаҳои интихоботиро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланди ватандорӣ, ташкилии сиёсӣ ва шаффофу демократӣ баргузор кардани интихобот ҳама шароитро барои интихобкунандагон фароҳам созанд.


Ш. САИДОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ