ПАРАНДАПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД

     Соли сипаригардида барои кормандони ҶДММ “Мурғи порсиён” соли бобарор ва комёбиҳо буд. Аҳли заҳмати ин коргоҳи истеҳсолӣ тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолият намуда, соли 2019-ро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Дар давоми як соли охир корхонаи мазкур беш 3 миллиону 700 ҳазор дона тухм истеҳсол намудааст, ки ин нишондод назар ба соли 2018 зиёд мебошад.

Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими агросаноатӣ ба шумор рафта, ҳукумати мамлакат барои рушди рӯзафзуни он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки бо фароҳам овардани шароиту имконоти мувофиқ ва имтиёзҳои давлатӣ ба соҳибкорони ватанӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон фабрикаву корхонаҳои хурду миёна ва бузургӣ истеҳсолии паррандапарварӣ ва тухму гушти парҳезӣ бунёд ёфта, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гардидаанд. ҶДММ “Мурғи порсиён”-и шаҳри Левакант низ яке аз  чунин корхонаҳои фаъоли истеҳсолкунандаи тухм дар вилоят маҳсуб меёбад, ки маҳсулоти он дар бозорҳои истеъмолии шаҳру навоҳии вилоят ва берун аз он бо номи “Тухми порсиён” маъруф гаштаву талабгорони зиёд дорад. 

ҶДММ “Мурғи порсиён” қариб 13 сол мешавад, ки устуворона фаъолият намуда, ҳамасола бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъмин намудани сифати маҳсулот дар мағозаю бозор мавқеи сазовор дорад. Масоҳати корхона 6,7 гектар буда, дорои тамоми шароиту имконоти лозимаи истеҳсоли тухм мебошад. Бинобар иттилои Нуралӣ Зайдуллоев, сармуҳандиси ҳамин корхона соли гузашта онҳо 15 ҳазор сар чўҷаро аз ҶСК “Си мурғ”-и шаҳри Истаравшан ба фабрикаи худ ворид намудаанд.  Ҳоло дар ҶДММ “Мурғи порсиён” қариб 31 ҳазор паранда мавҷуд мебошад, ки ба ҳар як сар мокиён ба ҳисоби миёна 177 дона тухм рост меояд. Маҳсулоти хушсифати тухми порсиён ба шаҳрҳои Душанбеву Бохтар ва навоҳии гирду атроф содирот карда мешавад.

Хӯроки паранда низ мувофиқ ба талабот ва қоидаҳои соҳа ҳамарӯза бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ аз ҷониби кормандон махсус омода карда мешавад, ки ғизонокии он баланд аст.

Бояд гуфт, ки дар ҷамъияти болозикр шароити лозимаи корӣ ба аҳли заҳмат муҳайё карда шуда, ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Илова бар маош ба кормандон аз тарафи роҳбарияти корхона ғамхорӣ зоҳир гардида, дар арафаи иду ҷашнҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад.  


А. МАҲКАМОВ
Добавить комментарий