Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон - ордени “АЛТИН ҚИРОН” сарфароз гардонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Астана дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон “АЛТИН ҚИРОН” сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор дорад, баргузор гардид.
Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳми ва хизматҳои шоён Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист.
Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



