Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
18 фев 12:10Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
Саҳми соҳибкорон назаррас аст
Бо ибтикори соҳибкори ватандӯсту хештаншинос Исмоили Маҳмадзоир бо харҷи 5 миллион сомонӣ як насоси обкаш дар Ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон насб карда шуд. Ин нуқтаро раиси ноҳияи болозикр Илҳом Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон иброз кард.
Ӯ гуфт, ки насоси обкаш имкон медиҳад, ки 562 гектар замин ва 15 ҳазор аҳолии Ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод” бо об таъмин гарданд.
Қайд карда шуд, ки саҳми соҳибкорони ватандӯст дар корҳои ободонии ноҳияи назаррас буда, қисмати зиёди иншоот бо ташаббуси онҳо бунёд шуданд.
Аз ҷумла бинои нави шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ бо ибтикори соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бунёд шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд.
-Бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва як бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод низ бо саҳми соҳибкорон сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд, - гуфт Илҳом Аҳмадзода.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 204 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


