Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 янв 15:54Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Мақомот / Маърифат ва тандурустӣ
Зиёда аз 560 нафар ҷарима шуданд
Соли 2022 нисбати 564 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барои вайрон намудани талабот, меъёр ва қоидаҳои байторию санитарӣ, истеҳсол коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарор дошта, протоколҳо тартиб дода шуда, ҳамаи онҳо ҷарима шуданд.Дар ин бора сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Рауфзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар натиҷа маблағи 112 ҳазору 377 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Номбурда афзуд, ки аз бозор ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии ҳудуди вилоят ба миқдори 202 ҳазору 312 намуна маҳсулот ба маблағи зиёда аз 404 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, санҷиш гузаронида шуд.
Дар натиҷа бо сабабҳои ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набудан, 19 ҳазору 315 дона тухм, 4867 килограмм шир ва маҳсулоти ширӣ, 14 тоннаю 816 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, аз қабили ҷигару шуш, 1509,8 килограмм равған, 764 килограмм моҳӣ, 516 килограмм асал, 5458 килограмм маҳсулоти хушк, 77 тоннаю 708 килограмм меваю сабзавот ва 9 тоннаю 783 килограмм полезиҳо аз фурӯш боздошт ва несту нобуд карда шуданд.
-Назорат ва таъмини иҷрои талаботи байторию санитарӣ, аз ҷумла истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот зери назорати мутахассисони Раёсат буда, дар ин ҷода мунтазам чораҳои лозимӣ андешида мешаванд, - гуфт Эраҷ Рауфзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


