Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таъмиру бозсозии роҳҳо дар Кӯшониён
Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 бо харҷи беш аз 1,8 миллион сомонӣ роҳҳои автомобилгард ва пулу қубурҳои ноҳияи Кӯшониён таъмиру бозсозӣ шудаанд.Тавре Фирӯз Насруллоев, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён зимни суҳбат иброз кард, соли гузашта аз ҳисоби Вазорати нақлиёти мамлакат 682 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки аз ин ҳисоб 120 километр роҳ таъмири ҷорӣ, 18 пулу 12 қубур таъмири пурра ва дар 120,5 километр роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Инчунин аз ин ҳисоб дар роҳҳои ҳудуди ноҳия 55 аломати роҳ насб карда шуд.
Ҳамчунин соли сипаригардида соҳибкорон 8,6 километр роҳро сангфарш, 2 километри дигарро таъмири асосии асфалтпӯш ва ду пули дигарро бозсозӣ карданд, ки дар маҷмӯъ маблағи масрафшуда 1 миллиону 149 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
-Барои бемамоният сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони имсола, дар анбори муассиса 290,4 метри кубӣ омехтаи қуму намак, 30 тонна намаки техникӣ, 1500 литр сӯзишвории дизелӣ ва як тонна ангишт захира карда шудааст, - гуфт Ф. Насруллоев.
Дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 34,8 километр роҳҳои байналмилалӣ, 16,9 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 178,4 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ, 100 адад пул бо дарозии 1458 метр ва 297 адад қубурҳо ба қайд гирифта шудааст.
Сулаймони СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


