Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо
Давоми 10 моҳи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 54 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 394 ҳолат зиёд мебошад.
Тавре сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода иттилоъ дод, аз шумораи умумии оилаҳои ҷудошуда 2528 ҳолат бо қарори суд, 507 ҳолат бо розигии ҳамсарон ва 19 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон аз ҳам ҷудо шудаанд.
Баъди ҷудошавии ин оилаҳо 3490 кӯдаки ноболиғ зиндаятим монда, 3404 кӯдак дар тарбияи модар ва 86 кӯдаки дигар дар тарбияи падар қарор доранд.
Гуфта шуд, ки ҷудошавии оилаҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ ва Ҷайҳун ба қайд гирифта шудааст.
Дар умуми дар давоми 10 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ, дар вилояти Хатлон 21 ҳазору 163 ҳолати сабти никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 183 ҳолат зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Ахбор
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд 12:31ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН