Бойгонӣ

Маърифатнокии аҳолӣ -кафили таъмини адолати иҷтимоӣ


Мусоҳибаи ихтисосӣ бо мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар Нахуст хуб мешуд, ки оид ба фаъолияти оинномавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон маълумот медодед?
Намояндагии Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон воҳиди сохтории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди фаъолияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. 
   Дар асоси вазифаҳои оинномавӣ рисолати асосии мо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ташкил ва гузаронидани машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, додани маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ бо ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дорои дигар ваколатҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  низомномаи намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон мебошад. 
Фаъолияти намояндагии Вакорлатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар кадом самт бештар мушоҳида мешавад?
    Агар ба нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба фаъолияти намояндагӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ назар андозем, мо дар ин давра 8 муроҷиати шаҳрвандонро мусбӣ ҳаллу баррасӣ намудаем. Аз рӯи таҳлилҳои намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон сол аз сол муроҷиати мардум ва дар ин замина ҳаллу фасли мусбати муроҷиатҳо дар самтҳои гуногун зиёд шуда истодааст. Дар воқеъ, таваҷҷуҳи  зиёди шаҳрвандон ҷиҳати муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоят, шаҳодат аз он медиҳад, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боло рафта, аз сӯи дигар, ҷомеа ба ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ эътимоду боварии бештар пайдо карда истодааст. 
 Мусаллам аст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишу огоҳии шаҳрвандон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. 
Мегуфтед, ки шумо дар ин самт чӣ корҳоро ба анҷом расонида истодаед?
   Давоми ду моҳи охир намояндагии Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳо7 машварати сайёри ҳуқуқӣ ташкилу баргузор намудааст, ки дар ин суҳбату вохӯриҳо зиёда 600 нафар шаҳрвандон, аз қабили хонандагону донишҷӯён ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзидаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати ташкилу баргузории машваратҳои сайёр дар маҳалҳо миёни сокинон низ афзалият медиҳем. Зимни ин гуна машваратҳо дар баробари фаҳмондадиҳии қонунҳои мавриди таваҷҷуҳи мардум ҳамчунин,сокинон оид ба масоили гуногуни ҳаётӣ ба мо муроҷиат менамоянд. 
  Бояд гуфт, ки бештари муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон зимни ҳамин гуна машваратҳои сайёр ба унвонии мо мерасад. Бештари масоили мубрами аҳолӣ дар сатҳи маҳал ҳаллу фасли худро пайдо мекунанд, ки ин ба баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад. 
 Лутфан мегуфтед, ки шаҳрвандони вилояти Хатлон бештар вобаста ба кадом мушкилу масъалаҳои ҳуқуқӣ ба намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунанд? 
Аз рӯи таҳлилҳо сокинони вилоят бештар бо масъалаҳои вобаста ба замин, барои расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ва умуман, аксарияти  қишри ниёзманди аҳолӣ вобаста ба мушкилоти гуногуни худ ба Намояндагии Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон муроҷаит мекунанд. Бояд гуфт, ки муроҷиати саривақтии сокинон ба намояндагии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, кафолати сари вақт пешгирӣ кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.Бинобар, ин аз сокинон даъват ба амал меорем, ки дар сурати пеш омадани дилхоҳ масъалаҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд,то мушкилоти мавҷуда сари вақт ҳалли худро пайдо намоянд. 
 Чун дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон қарор дорем, оид ба ин самти фаъолияти намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон чӣ гуфта метавонед?
 Намояндагии Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон ҳамчун намояндаи Ваколатдори оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қаламрави вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бевосита дар ин самт низ фаъолияти назаррас дорад. 
  Дар ин росто барои қабул ва баррасии муроҷиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдак ҳар сари  вақт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯриҳои баргузор менамояд. Дар ин вохӯриҳо ҳамчунин, аз ҷониби намояндагӣ ба кӯдакон маводи иттилоотии вобаста ба ҳуқуқи кӯдак ройгон тақсим карда мешавад. Инчунин, бо мақсади шиносоӣ аз шароити будубоши кӯдакону навра сон аз мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дидан менамоем.
    ҲОЛНОМА:
   Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар зодаи шаҳри Панҷакент. Баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумии №45 ноҳияи Айнӣ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома дода, соли 2021 онро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аълохатм намудааст.Баъди хатми донишгоҳи мазкур бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, солҳои 2021–2022 хизмати ҳарбиро дар дидбонгоҳи сарҳадии Қушунҳои сарҳадии КДА М Ҷумҳурии Тоҷикисон воқеъ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ адо намудааст. Сипас, фаъолияти касбии худро соли 2022 аз вазифаи мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон оғоз бахшида, айни замон дар вазифаи иҷрокунандаи роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон фаъолият дорад. Ҳайдарзода Муҳаммад дар заминаи тадқиқоти илмӣ дар мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятиму бепарастор як лоиҳаи ҷадиди Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятиму бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки тибқи мактуби ҷавобӣ лоиҳаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад. Мавсуф баррандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯй-пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021» дар бахши ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Мусоҳиб Юсуфи СОБИР
     
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019