«Ваҳдат Текстайл»-зодаи даврони Истиқлол

Хушбахтона, айни ҳол дар корхонаи саноатии истеҳсолии филиали ҶДММ «Ваҳдат Текстайл»-и шаҳри Кӯлоб ин пешравиҳоро дида, баробари коргарони ин корхона қаноатмандам, ки ҷои корӣ барои сокинони минтақа фароҳам гардида, шароити зиндагии эшон хуб гашата истодааст. Ғанизода Зебунисо, сокини деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ коргари филиали ҶДММ «Ваҳдат Текстайл», пешбурди рӯзгори оиларо бар дӯши дорад. - Пеш аз оғози кор дар ин корхона ду ҳафта дар назди мутахассисон тарзи корро дар дастгоҳи ҷуроббофӣ омӯхта будем. Барои рафту омади мо ба корхона нақлиёти мусофирбар фаъолият дорад, ки ин муҳимтарин иқдоми таъмини шароит барои коргарон аст. Инак як сол боз мо 11 нафар бонувони Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов дар ин корхона фаъолият дорем. 

Музди маошии мо вобаста ба ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол кардаамон мебошад. Реҷаи кории мо як рӯз пас буда, ҳамин сон моҳе 15 рӯзи корӣ дорем.Сокини деҳаи Офтоблиқо, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ҳалимамоҳи Ҳабиб бошад аз ҷавонтарин кормандони корхона мебошад, ки фароҳамгардонии чунин шароитҳои кориро барои духтарони деҳот муҳим арзёбӣ менамояд. Зеро баъзе ҳамкорони ӯ ба мисоли Дилнозаи Тоҷиддин, ки дар баробари фаъолияти коргарӣ, ҳамзамон донишҷӯи шуъбаи ғоибона буда, аз ин ҳисоб маблағи шартномаи таҳсилашро мепардозад. Корхонаи филиали ҶДММ «Ваҳдат Текстайл»-и шаҳри Кӯлоб 5-уми октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, дар марҳилаи аввал шумораи коргаронон  он 30 нафар буданд. Бо гузашти моҳҳо ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот имрӯз дар ин коргоҳ 88 нафар коргар фаъолият менамояд. Роҳбарияти корхона мақсад гузоштааст, ки дар оянда шумораи коргаронашро то 400 нафар расонад, ки аз ин теъдод 80 дарсади онҳо бонувон хоҳанд буд. Дар корхонаи мазкур, ки самти асосии фаъолияташ истеҳсоли ҷӯроб мебошад, аз коркарди нахи пахта то омода шудани маҳсулоти тайёр 7 амалиётро мегузарад. Дар филиали мазкур 250 адад дастгоҳи бофандагӣ, 15 адад дастгоҳи дӯзандагӣ, 5 адад дарзмол ва 10 адад мошинаи тамғазанӣ мавриди истифода қарор дорад. Таҳкурсӣ заминаи корхона аз ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» аст. Савринисо Давлатова, коргари филиали ҶДММ «Ваҳдат Текстайл», сокини маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб, хатмкардаи факултаи муҳандис- технологи ДТМИ Кӯлоб мебошад. Ба гуфтаи ӯ дар ин коргоҳ 8–10 нафар дастпарварони донишгоҳи мазкур кору фаъолият доранд. Дар шаҳри Кӯлоб хоҳишмандони ҷойи кор дар ин корхона ниҳоят зиёд буда, то имрӯз даҳҳо нафар барои дарёфти ҷойи кор ба маъмурияти коргоҳ муроҷиат кардаанд, ки дар сурати фароҳам гардидани шароит бонувон ба кор қабул карда мешаванд. Раҷаб мутахассиси соҳаи ресандагӣ шаҳрванди кишвари Туркия ба ҳисоб рафта, мувофиқи шартно  ма ба филиали ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» ҳамкорӣ дошта, ба коргарони нозукиҳои касбро меомӯзад. Ӯ собиқаи 30 солаи кор дар соҳаи ресандагӣ дошта, аз фаъолияти имрӯзаи худ дар Филилали ҶДММ «Ваҳдат Текстайл»-и шаҳри Кӯлоб қаноатманд аст.Бинобар гуфтаи Абдуқаюм Назаров, директори филиали ҶДММ «ВаҳдатТекстайл» дар шаҳри Кӯлоб, маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо, ки 80 дарсади он аз пахтаи хушсифат аст, дар асоси шартнома ба кишварҳои Қазоқистон, Федератсияи Руссия ва Туркия содирот карда мешавад. Гарчанде ҷуробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур аз лиҳози сифат хуб ҳам бошад, аммо ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта нашудааст. - Корхона аз ҳисоби пардохти андоз, ҳаққи истифодаи неруи барқ ва дигар хизматарсониҳоии коммуналӣ қарздор нест. Ҳамчунин маоши коргарон низ сари вақт пардохт карда мешавад, - мегӯяд Абдуқаюм Назаров. Маъмурияти корхона тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик иловатан 150 адад дастгоҳи бофандагӣ ворид намуда, бо ҷалби ҳамин миқдор неруи коргарӣ ҳаҷми истеҳсоли ҷуробро зиёд намуда, дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар   рушди истеҳсолот ва пешрафти соҳаи саноати кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Билоли Шамс, шаҳри Кӯлоб
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий