Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
17 ноя 11:28Ахбор / Сохтмон ва меъморӣ
ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, нахуст, раиси вилоят дар расми ифтитоҳи Боғчаи кӯдаконаи хусусӣ ширкат варзид. Тавре ба раиси вилоят иттилоъ доданд, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Фарзона» аз тарафи соҳибкор Ҳошим Бобоев барои 120 нафар кӯдак бунёд гардидааст. Дар кӯдакистон тарбиятгирандагон дар 5 гурӯҳ бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қурбон Ҳакимзода ба мураббиёни кӯдакистон ҷиҳати дар сатҳи матлуб ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия дастуру ҳидоятҳо дод.
Раиси вилоят имрӯз инчунин дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишии «Шаҳзод» иштирок кард. Ин иншоот ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шарипов Некрӯз мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар баробари ин, дар шаҳри Бохтар бинои истиқоматии 5-ошёна, иборат аз 30 ҳуҷра, ки аз тарафи соҳикори маҳаллӣ сохта шудааст, бо иштироки раиси вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки аз тарафи соҳибкори хайрхоҳ ба ду оилаи ниёзманд дар пардохти нархи манзили сеҳуҷрагӣ 50% ва 30% тахфиф дода шудааст.
Имрӯз инчунин дар шаҳри Бохтар нуқтаи таъмири мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба истифода супурда шуд.
Қурбон Ҳакимзода ба сифати кори соҳибкорон баҳои баланд дода, қайд намуд, ки иншоотҳои дигар низ ба чунин тарз ва бо масолеҳи сифатан хуб сохта шаванд, то ба ҳусни шаҳр афзуда, солҳои дароз ба мардум хизмат кунанд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ҶАЙҲУН-ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ