Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
Аз остонаи ҳар хонаву кошона, мақомоту сохторҳо, корхонаву муассисаҳо то ба арши самои софу беғубори Тоҷикистон садои табли шодиву сурур ба гӯш мерасад. Тоҷикистон – кишвари азизи мо ҷашн дорад, ҷашни истиқлолу озодӣ, рӯйдоди муҳим ва ифтихоровар 35 умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвари азиз. Кӯчаву хиёбонҳо аз таровати гулҳои рангоранг шабеҳи бӯстону гулистон гаштаанд, ки бо зебоиву нафосат натанҳо зиннатбахши меҳани азизанд, балки рамзи саодати миллат, бақои давлатанд ва ба қалбҳо фараҳ мебахшанд. Парчами миллӣ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, шабеҳи кабутари сулҳу амният, суботи меҳани азиз парафшонӣ мекунад. Аз тифли кӯчак, то пирони солманд ҳама бо қалбҳои саршор аз шодиву нишот, истиқбол аз истиқлоли кишвари азиз менамоянд. Дар чунин фазо, дар чунин муҳити гуворо шаҳомати ҷашни ифтихории миллат 35 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро сафороии нерӯҳои ҳарбӣ-низомӣ,Паради ҳарбӣ таҷассумгари иқтидору нерӯмандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиён ба марзу буми аҷдодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллатро дар маркази шаҳри Душанбе таъмин намуд.
Ин чорабинии бошукуҳ бо ҳузури ифтихоровари Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахтии мамлакат бо дуруду шодбошиҳои Пешвои муаззами миллат, нутқи пурмуҳтаво ва ёдоварӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, роҳи пурпечутоби тайкардаи нерӯҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратии меҳани азиз оғоз гашт. Сарвари давлат зимни суханронӣ зикр доштанд, ки дар ҷодаи давлатсозии навини тоҷикон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши барҷастаи худро ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният бо иҷрои сарбаландонаи рисолати касбӣ гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35 — умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар, бо рӯҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Истиқлоли пойтахт, саф ороста, ҳайати шахсии иштирокдорон ин гузашти тантанавии ҳарбиро бо арзи эҳтиром ва тибқи қоидаҳои низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ пазироӣ намуданд.
Гузашти низомӣ зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ доир гашта, қадамзании афсарону сарбозон, маҳорати баланди сафороӣ ва омодагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳо дар макони баргузории чорабинӣ ба қалбҳо фараҳ оварда, итминони ҳар як бинандаро ба қудрату тавоноии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипарӣ боэътимод боз ҳам қавитар сохт.
Чунин паради ҳарбӣ субҳи рӯзи 7 – уми сентябр дар маркази маъмурии вилояти калонтарини кишвар Хатлон низ дар сатҳи баланди омодагӣ бо ҳузури садҳо нафар кормандони мақомоту сохторҳо, афсарону сарбозон баргузор гашт.
Ҷараёни гузашти идонаи ҳарбиёни вилоятро роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар ҳайати ҳамроҳон пазироӣ намуданд. Лозим ба зикр аст, ки Паради ҳарбӣ тантанаву шукуҳи хоси ҷашнӣ мебошад,ки имсол ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар чун дигар минтақаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол доир карда шуд.
Дар радифи баргузории Паради ҳарбии кормандони ниҳодҳои қудратӣ, афсарону сарбозон ҳамчунин гузашти идона бо ҳузури бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маркази вилоят шаҳри Бохтар ва ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят бо иштироки фаъолонаи ҳазорҳо нафар кормандони ташкилоту идораҳо, фаъолону сокинон дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор гашт. Хурду бузург аз ҷашни ифтихории миллат 35 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо шукргузориҳои бепоён ва сипосу арҷгузорӣ ба заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии мутантан иштирок намуданд.
Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият - ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст. Чуноне шоири тавонои миллат Озар Салим зикр доштаанд:
Эй дамида субҳи истиқлолро,
Вомагир аз дӯши мо ин болро.
Ин саодат, ин муҳаббат,ин баҳор
Ин нишот, ин бахт, ин иқболро.
Ҷовидон бод сулҳу ваҳдат, устувор бод Истиқлолияти давлатӣ!
Оймоҳ Ҳасанова
Аълочии телевизион ва
радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


