Бойгонӣ
Сентябрь 2026 (4)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)

СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?

“Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Суруди миллӣ бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва эҳтироми тоза касб кард, зеро он аз рамзҳои давлатиест, ки ҳамчун нишони миллӣ кишвари моро муаррифӣ менамояд. Аз ин хотир, бо дарназардошти Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва талабу дархости аксари мардум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 12 ноябри соли 1991 оид ба беҳтарин матни Суруди давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон ва Низомномаи онро дар воситаҳои ахбори омма чоп кард. Бо кӯшиш ва баҳси зиёд Парчам ва Нишони давлатӣ қабул гашт.
Баҳс оид ба интихоб ва қабули Суруди давлатӣ идома ёфт. Барои муҳокимаи матни сурудҳои ба озмун воридгардида ҳайати доварони салоҳиятдор борҳо ҷамъ омада буданд. То аввали моҳи августи соли 1992 ба унвони Шурои Олии Чумҳурии Тоҷикистон 56 матн ва даҳ оҳанг ба сурудҳо фиристода шуд. Аз байни онҳо 14 матни мақбултар бештари овозҳоро гирифта, барои иштирок дар даври дуюми озмун ҳуқуқ пайдо намуданд.
Бо сабабҳои воқеӣ озмуни Суруди давлатӣ ҷамъбаст нагардид. Аз ин рӯ, лозим дониста шуд, ки бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ” аз 12 ноябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Ба ҳайати пештараи комиссия ва доварони Суруди давлатӣ ва инчунин Низомнома тағйиру иловаҳо дохил шуд.
Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Комиссияи Шӯрои Олиро оид ба таҳияи таҳрири нави матни оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда, қарор қабул кард, ки озмуни таҳрири нави матн ва оҳанги Суруди давлатӣ то 15 майи соли 1994 тамдид шавад. Мувофиқи Низомномаи таҳриршуда матни суруд бидуни оҳанг то 15 апрел, матн ва оҳанги суруде, ки дар ҳамкории шоиру оҳангсоз офарида мешавад, то 15 май қабул карда шаванд.
То 15 апрели соли 1994 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 матни суруд ирсол гардид ва баъди муҳлати муайяншуда иловатан се матни дигар ворид шуд. Ҳайати доварон матни сурудҳои нав эҷод ва ирсолшударо мавриди баррасӣ қарор дода, шаш матни нисбатан беҳтарро барои чоп, шиносоӣ ва муҳокимаи умум тавсия намуданд. Ҳамин тариқ, матни панҷ суруди беҳтари дар даври аввали озмун бештари овозҳоро гирифта, шаш матни дигари баъди дароз кардани муҳлати озмун пазируфташуда, манзур гардонда шуд.
Натиҷаи озмун баъди баҳогузории ҳайати комиссия ба Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Сипас, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “аз 7 сентябри соли 1994 таҳти № 1074 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба имзо расид.
Дар Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
“1.Таҳрири нави матну оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои саросарии Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда мешавад”.
Баъдан Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 таҳти № 888 “Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардид. Қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007 таҳти № 254, тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар менамояд. Боби 4-уми қонуни мазкур (моддаҳои 9 ва 10) ба тартиб ва мавриди иҷрои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳанги қаблии гимни РСС Тоҷикистон (матни Абулқосими Лоҳутӣ, оҳанги Сулаймон Юдаков) нигоҳ дошта шудааст.
***
Баъди Инқилоби Октябр соли 1922 Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ – СССР ташкил меёбад. Аз рамзҳои давлатӣ ҳануз Гимни (Суруди) давлатӣ тасдиқ нашуда буд. Бо ин сабаб аз соли 1922 то соли 1944 суруди франсавӣ бахшида ба шӯриши Коммунаи Париж – “Интернатсионал” ҳамчун Гимни давлатии СССР иҷро мешуд. Озмуни Гимни давлатии СССР солҳои 1938-1944 идома ёфт. Баъди бо таҳриру иловаҳо қабул гаштани Гимни давлатӣ он аз тариқи радиои умумииттифоқӣ шаби аз 17 ба 18 апрели соли 1944 бори нахуст садо дод. Ҳамин тавр, тамоми давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ аз тариқи радио ва телевизиони Марказӣ ҳамарӯза соати 6 субҳ ва 12 шаб он садо медод.
Охирин бор ҳамчун Гимни давлатӣ 26 декабри соли 1991 – рӯзи вопасини барҳам хурдани СССР садо медиҳад.

Аъзам Мӯсоев,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий