Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
Шаҳри Бохтар ҳамчун маркази маъмурии вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои босуръат рушдёбандаи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Бо татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатии рушд, шаҳр дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфрасохторӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Бохтар яке аз шаҳрҳои қадимии водии Вахш ба ҳисоб рафта, солҳои зиёд бо номи Қӯрғонтеппа машҳур буд. Бо мақсади эҳёи номҳои таърихӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ, соли 2018 номи шаҳр расман ба Бохтар иваз карда шуд. Имрӯз Бохтар маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар рушди минтақаи ҷанубии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Рушди иқтисодӣ
– Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи иқтисоди шаҳри Бохтар марҳила ба марҳила рушд карда, корхонаҳои зиёди саноатӣ аз нав фаъол гардиданд. Ҳамзамон, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шуданд, ки дар онҳо сокинони зиёд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардиданд, – иброз дошт дар оғози суҳбат раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид.
Ба гуфтаи раиси шаҳр, яке аз самтҳои муҳими рушди Бохтар ободонӣ ва навсозии инфрасохтор ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳҳои мошингарди шаҳр таъмиру азнавсозӣ гардида, низоми равшанидиҳии кӯчаҳо, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия тадриҷан беҳтар карда шуданд. Биноҳои маъмурӣ, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва маҷмааҳои муосир бунёд гардида, ба беҳтар шудани муҳити шаҳр ва баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат намуданд.
Бунёди 300 иншооти ҷашнӣ
– Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 28-уми сентябри соли 2022, таҳти №129, бунёди 270 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Минбаъд дар асоси пешниҳодҳои роҳбарони гурӯҳҳои корӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорон, тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 25 июни соли 2024, №232, ба нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда тағйиру иловаҳо ворид гардида, шумораи умумии иншооти ҷашнӣ ба 300 адад расонида шуд. То имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 270 адади он бо таъсиси 582 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 90 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, – афзуд Муминзод Абдулмаҷид.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Бохтар ба рушди тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин замина бунёди иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат 16 иншоот, фарҳанг – 3 адад, варзиш – 4 адад, савдо ва хизматрасонӣ – 43 адад, нақлиёт ва хоҷагии коммуналӣ – 87 адад, маориф – 15 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 31 иншоот пешбинӣ гардидааст, ки қисми зиёди онҳо аллакай мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар соли 2026 бошад, дар ҳудуди шаҳри Бохтар бунёди 54 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 25 адади онҳо бо таъсиси 144 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, масъулин тасмим доранд ҳамаи онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дурнамои рушди Бохтар
Шаҳри Бохтар ҳамчун маркази вилояти Хатлон дорои имкониятҳои бузурги рушди минбаъда мебошад. Бо татбиқи стратегияҳои миллӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии босуръат, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя интизор меравад, ки шаҳр боз ҳам ободу пешрафта гардад.
– Даврони соҳибистиқлолӣ барои шаҳри Бохтар марҳилаи бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ гардид. Имрӯз шаҳр ҳамчун маркази маъмурии вилояти Хатлон бо инфрасохтори муосир, иқтисоди рӯ ба рушд, муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин фазои ғании фарҳангӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Бо идомаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва иштироки фаъоли сокинон, шаҳри Бохтар дар солҳои оянда ба яке аз шаҳрҳои боз ҳам пешрафта ва намунавии кишвар табдил хоҳад ёфт. Он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши боз ҳам муҳимтар хоҳад гузошт. Бо дарназардошти корҳои анҷомёфта ва ҷараёни сохтмонҳои идомаёбанда, ҳамаи иншооти дар нақша пешбинишуда пурра ба истифода дода шуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу меъморӣ таҷлил хоҳад гардид, – гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ш. Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57




