Бойгонӣ
Сентябрь 2026 (11)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)

ҶАЙҲУН-ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург ва сарчашмаи асосии пешрафту шукуфоии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пуршарафи созандагию бунёдкориро тай намуда, дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтор вусъати тоза пайдо кардааст.
Имрӯз ҳар як шаҳру ноҳия ва деҳоти мамлакат симои нав касб намуда, бунёди иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ бо суръати баланд идома дорад. Ноҳияи Ҷайҳун низ ҳамчун яке аз ноҳияҳои муҳими вилояти Хатлон дар ин раванди созандагӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун садҳо бинову иншооти замонавии майишию хизматрасонӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид муҳайё гардидааст. Боиси хушнудист, ки корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ҳанӯз ҳам бо маром идома дошта, симои шаҳраку деҳоти он рӯз ба рӯз дигаргун ва зеботар мегардад.
Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бунёду азнавсозии 504 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд. Бо бо ибтикори мақомоти ноҳия, заҳмати аҳолӣ ва соҳибкорон нақшаи пешбинишуда то имрӯз 110 фоиз иҷро гардидааст. Ин нишондиҳанда далели равшани он аст, ки сокинони ноҳия бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои ободии диёри худ саҳм мегузоранд.
Маориф-дар меҳвари таваҷҷуҳ
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Ҷайҳун низ ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Айни замон дар ноҳия 3 муассисаи томактабӣ, 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 марказ, аз ҷумла Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия фаъолият менамоянд.
Дар ин муассисаҳо 1952 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 989 нафар занон, ба таълиму тарбияи 42 ҳазору 487 нафар хонанда машғул мебошанд. Аз шумораи умумии хонандагон 20 ҳазору 548 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар баробари таҳсилоти умумӣ, ба масъалаи касбомӯзии ҷавонон низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад. Дар ноҳия Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникӣ ва муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо 35 нафар омӯзгорону устоҳои таълимӣ ба 454 нафар донишҷӯ касбу ҳунар меомӯзонанд.
Таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф мебошад. Дар ноҳия 21 ҳазору 743 нафар кӯдакони аз 2 то 6-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазору 915 нафар писарон ва 10 ҳазору 827 нафар духтарон мебошанд. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия 533 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар назди 7 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои иловагӣ бо 83 синфхонаи нав ва 1550 ҷойи нишаст идома дорад. Ҳамзамон, сохтмони бинои муассисаи таълимии сеошёна барои 1248 ҷойи нишаст дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Ҷайҳун барои фароҳам овардани шароити муносиб ба насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Занон-неруи фаъоли ҷомеа
Дар сиёсати иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ мавқеи муҳим дорад. Дар ноҳияи Ҷайҳун низ саҳми занон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва идоракунии давлатӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Шумораи умумии занон дар ноҳия 78 ҳазору 30 нафарро ташкил дода, 893 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 11 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 38 нафар вакили ҷамоатҳо ва 14 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд.
Иштироки занон дар соҳаи соҳибкорӣ низ назаррас буда, 1246 нафар занони ноҳия ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Ин далели он аст, ки занони ноҳияи Ҷайҳун дар баробари масъулияти оилавӣ, дар рушди иқтисодиёт ва пешрафти ҷомеа низ саҳми босазо доранд.
Кишоварзӣ-самти муҳими рушди иқтисодӣ
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти ноҳияи Ҷайҳун ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди иқтисодии ноҳия нақши муҳим дорад. Дар ноҳия 4 ҳазору 554 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, истифодабарандагони замин ҳар як қитъаи заминро самаранок истифода мебаранд. Дар натиҷаи меҳнати софдилонаи кишоварзон ва истифодаи оқилонаи замин, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 24,3 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 0,9 ҳазор гектар ё 3,9 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидори заминию истеҳсолии ноҳия шаҳодат медиҳад.
Фарҳанг-оинаи маънавиёти миллат
Фарҳанг ҳамчун омили муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва боло бурдани ҳисси худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷайҳун мавқеи хос дорад. Дар ноҳия 35 муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 2 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 22 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар 24 китобхонаи ноҳия 121 ҳазору 388 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 32 ҳазору 440 нусха ба забони давлатӣ, 72 ҳазору 994 нусха ба забони русӣ ва 15 ҳазору 954 нусха ба дигар забонҳо мебошанд. Фаъолияти китобхонаҳо, хонаҳои фарҳанг ва дигар муассисаҳои соҳа барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон, аҳамияти калон дорад.
Роҳҳо-пайвандгари қалбҳо
Рушди иқтисодию иҷтимоӣ бидуни роҳҳои хубу босифат имконнопазир аст. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Ҷайҳун ба таъмиру нигоҳдории роҳҳо низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад. Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 255,8 километрро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 65,8 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва 181,6 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ мебошанд.
Дар 6 моҳи аввали соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар доираи корҳои ба нақша гирифташуда 1,2 километр роҳ таъмир шуда, аз ҷумла 150 метри мураббаъ роҳи сангфарш ва 172 метри мураббаъ роҳи асфалтпӯш таъмир гардидааст. Ҳамчунин 2 адад пул ба дарозии 18 метр таъмир шуда, дар масофаи 1,7 километр хатҳои уфуқӣ кашида ва 19 адад аломати роҳ насб гардидааст.
Соҳибкорони ватандӯст низ дар ин самт саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири ҷории 0,3 километр роҳ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, шағалпӯш намудани 3,6 километр роҳ ба маблағи 55,4 ҳазор сомонӣ ва асфалтпӯш намудани 1,1 километр роҳ ба маблағи 2 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин самт ба маблағи 2065,4 ҳазор сомонӣ корҳои ободониву созандагӣ иҷро гардидаанд.
Саноат-заминаи рушди иқтисодӣ
Рушди саноат яке аз самтҳои асосии пешрафти иқтисодиёти ноҳия мебошад. Айни замон дар ноҳияи Ҷайҳун 21 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, самти истеҳсолоти онҳо гуногун мебошад.
Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия аҳаммияти муҳим дорад. Идомаи рушди саноат, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда метавонад барои таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷавонон- созандагони фардои Ватан
Ҷавонон қишри фаъол ва неруи созандаи ҷомеа мебошанд. Дар ноҳияи Ҷайҳун низ ба масъалаи фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди қобилияту истеъдоди ҷавонон, ҷалби онҳо ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Шумораи ҷавонони ноҳия 64 ҳазору 940 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 25 ҳазору 976 нафар духтарон мебошанд.
Давоми соли равон 12 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 25 мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардидааст. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамоянд. Имрӯз дар ноҳия 2 варзишгоҳ, 13 майдони футболи хурди сунъӣ, 54 майдончаи варзишӣ ва 17 толори варзишӣ фаъолият доранд. Фароҳам овардани чунин шароит ҷавононро ба варзиш ҷалб намуда, барои тарбияи варзишгарони наврас ва ҷавонони соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Саҳифаҳои нав дар таърихи созандагии ноҳияи Ҷайҳун
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дар ноҳия бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Моҳи июли соли 2022 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Нишон ва Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як муассисаи таълимӣ, корхонаи истеҳсолии «Шири Ҷайҳун» ва чанд бинои иловагии муассисаҳои соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шуданд. Бунёди чунин иншоот на танҳо нишондиҳандаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, балки таҷассумгари сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
ҲХДТ-неруи созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеа
Имрӯз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун неруи фаъоли сиёсӣ ва созанда дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ нақши назаррас дорад. Бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия соли 2025 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия 107 ташкилоти ибтидоӣ, аз ҷумла 55 ташкилоти ибтидоӣ дар корхонаву муассисаҳо ва 52 ташкилоти ибтидоӣ дар деҳаҳо ва маҳаллаҳо фаъолият менамоянд. Аҳолии ноҳия 160 ҳазору 500 нафар буда, сафи аъзои ҲХДТ ба 7294 нафар расидааст, ки аз ин шумора 3450 нафарро занон ва 3844 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Афзоиши мунтазами сафи аъзои ҳизб аз боло рафтани мавқеи он дар байни сокинони ноҳия ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аввалин маротиба 17 апрели соли 1998 таъсис ёфта, дар тӯли фаъолияти худ дар татбиқи ҳадафҳои созанда, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои давлатдорӣ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҷайҳун-бо қадамҳои устувор ба сӯи оянда
Имрӯз ноҳияи Ҷайҳунро метавон яке аз мавзеъҳои рушдёбандаи вилояти Хатлон арзёбӣ намуд. Рушди маорифу фарҳанг, тавсеаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани роҳҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон ва занон, бунёди иншооти нави иҷтимоӣ, ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ноҳия корҳои созандагӣ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷайҳун дар оянда низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорону шахсони фардои боз ҳам ободу пешрафтаи Ватан саъю талош намоем. Ноҳияи Ҷайҳун бо чунин рӯҳияи созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.

Маҳмадшариф Маҳмадраҷабзода-
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019