Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Бо ташаббуси раиси ноҳияи Ҷайҳун ва роҳбарияти прокуратураи ноҳия Қасри фарҳанги ноҳия пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо шароити муосири корӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба "Сафо" иттилоъ доданд, Қасри фарҳанг соли 1936 бунёд гардида, дар тӯли солҳои зиёд ба таъмири асосӣ ниёз дошт. Имрӯз, пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ, бино симои тоза касб намуда, барои фаъолияти самараноки аҳли фарҳанг шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Таъмиру азнавсозии Қасри фарҳанг барои рушди фаъолияти фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин иқдоми созанда бозгӯи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи фарҳанг ва ободонии муассисаҳои иҷтимоӣ буда, ба беҳтар гардидани шароити фаъолияти аҳли фарҳанг ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои баргузории чорабиниҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



