Бойгонӣ
Сентябрь 2026 (4)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)

МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ

Соли 2002 ба шарафи рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 10-солагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Дар доираи ҷашнгирии ин идҳо як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ ҷойҳои таърихии навоҳии Қубодиён ва Шаҳритусро тамошо карданд. Ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” меҳмононро ҳамроҳӣ доштам. Шиносоии меҳмонон пеш аз ҳама аз маҳали ёдгории таърихии Тахти Сангин оғоз ёфт.
Ташрифи меҳмонон ба рӯзи Истиқлолияти давлатӣ – 9 сентябри соли 2002 рост омад. Баъди фаромадан аз чархбол меҳмононро бо гулдастаҳо ва рақсу суруд пешвоз гирифтанд. Раиси хоҷагии деҳқонии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён Раҳматулло Абдуллоев (равонаш шод бод) онҳоро ба сарзамини кӯҳанбунёд, ки макони мардуми ориёӣ маҳсуб меёбад, хайра мақдам гуфт. Хоҷагии деҳқонӣ, ки ӯ сарвараш мебошад, аз ҳамин макон – Тахти Сангин оғоз меёбад.
Аз зиндагии мардум, шуғли асосии онҳо, ки кишоварзист, нақл намуд ва меҳмонон нисбати ҳаёти имрӯзаи ин маҳал маълумоти тозае гирифтанд. Дидани Тахти Сангин барояшон боз ҳам аҷибу ҷолиб буд.
Тахти Сангин дар ҷое, ки дарёҳои Панҷу Вахш якҷо шуда, дарёи Омӯро ташкил медиҳанд, воқеъ буда, мутааллиқ ба асрҳои III – IV пеш аз милод мебошад. Шаҳраки Тахти Қубод 72 гектар масоҳат дошта, Тахти Сангин маркази он ба шумор мерафт. Тахти Сангин якҷоя бо тахти Қубод, ки 5 километр аз он дуртар воқеъ аст, ба воситаи деворҳои пурқуввати сангӣ бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил дода, роҳҳои обӣ ва хушкиро назорат менамуданд. Шаҳри Тахти Сангин дар замони Искандари Мақдунӣ сохта шудааст. Ҳангоми кофтуковҳои солҳои охир аз ин ҷо 3000 пайкони найзаи оҳанӣ, 50 дона пайкони биринҷӣ ва дигар ашёи санъати тасвирӣ ёфт шудааст.
Тамошои Тахти Сангин барои меҳмонон хеле ҷолиб буд. Шарқшиноси маъруфи Чех, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик Иржи Бечка баъди дидани Тахти Сангин ин тавр таассуроташро баён намуд:
«Аз дидани Тахти Сангин хеле хушҳол шудам. Он шаҳри қадимиест, ки дар қисмати ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст. Нисбати ин ҷо ман тасаввурот доштам, аз адабиёти Аврупо. Аммо аз наздик дидани Тахти Сангин, ки замони Искандари Мақдунӣ бунёд ёфтааст, ҷолиб аст. Ман дар Тоҷикистон бисёр будам. Оид ба адабиёти муосири Тоҷикистон корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ бурдаам. Бо адибони маъруфи Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Камол Айнӣ ошно будам ва дар бораи эҷодиёти онҳо асарҳо офаридаам. Асарҳои ман ба шаш забон тарҷума ва нашр шудаанд. Ва ҳам хеле шодам, ки дар ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон иштирок дорам ва шарики хурсандии мардуми он ҳастам».
Меҳмонон баъд бо Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии «Қубодиён» шинос гаштанд. Ба қатори нигораҳои пурқимати осорхона тангаҳои қадима низ дохиланд, ки аз маҳали бозёфтҳои «Хазинаи Амударё» ёфт шудаанд. Дар байни тангаҳои юнону бохтарӣ тангаҳое низ ҳастанд, ки дар худи Бохтар сикка зада шудаанд. Меҳмонон таассуроти худро дар китоби хотираи осорхона қайд намуданд. Меҳмонон Озарахши Ҳофизӣ (Олмон), Алиасғари Шеърдӯст (собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигарон сокинони ноҳияро бо идашон табрику таҳният гуфтанд. Меҳмонон дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус ёдгории таърихӣ – мазори Хоҷа Машҳадро тамошо карданд. Ин ёдгории таърихӣ 13 метр баландӣ дошта, бараш 11,5 метр мебошад. Он аз толорҳои хониш, китобхона ва ғайра иборат аст. Мадрасаи мазкур асри IX мелодӣ сохта шудааст. Мазори Хоҷа Машҳад аз ёдгориҳои қадимии сарзамини тоҷикон аст ва зери назорати давлат қарор дорад. Таъмиру тармими он феълан идома дорад. Дар ин ҷо инчунин бо мардуми маҳал вохӯрӣ доир гардид. Чун ҳам меҳмонон ва ҳам мизбонон бо як забон – тоҷикӣ ҳарф мезаданд, суҳбат хеле гуворо ва самимӣ буд. Ба меҳмонон мулоқот бо пирони рӯзгордида, аз ҷумла собиқ раиси колхози ба номи Ломоносов, депутати Совети Олии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Талбак Садриддинов писанд омад.
Шиносоии меҳмонон дар яке аз ҷойҳои ҷолиб ва қадимаи ин сарзамин – Чилучорчашма баргузор гашт. Нисбати он дар асарҳои муаррихони гузашта маълумоти зиёде оварда шудааст. Чунончӣ, аввалин бор Абулқосими Балхӣ дар бораи Чилучорчашма дар китобаш «Сафарнома» аз Қубодиён ёдрас шудааст. Аз солҳои 700-уми мелодӣ дар асарҳои илмӣ Чилучорчашма ҳамчун зиёратгоҳ муаррифӣ мешавад.
Чашмаҳо 44-то буда, ба 17 гурӯҳ тақсим мешаванд ва ҳар яки он номи ба худ хос дошта, ба дарде давоянд. Дар Чилучорчашма дарахти азимҷусаест, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Ин мавзеи хеле ҷолибу афсонавӣ ба меҳмонон хуш омад.
Дар суҳбат чанде аз меҳмонон таассуроти худро аз ин сафар ва дигар маҳали Тоҷикистон иброз доштанд.
Алиасғари Шеърдӯст – (Ҷумҳурии Исломии Эрон): “Ҷашни солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик мекунам. Тоҷикистон имрӯз беш аз ҳар замони дигаре дар масири тараққӣ ва пешрафт қарор дорад. Ободоние, ки дар Тоҷикистон ба чашм мехӯрд, рӯз ба рӯз бештар, беҳтар ва амиқтар ҳаст. Имрӯз хушҳолем, ки дар ҷашни 11-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва 10-умин соли таъсиси анҷумани «Пайванд»-и тоҷикон, форсизабонони ҷаҳон ҳастем. Тоҷикистон, ки 11 сол аз истиқлолаш сипарӣ шуда, кишвари солхӯрд, пир бо собиқаи тӯлонист, ки на 11 сол, балки ёздаҳ сад сол таърихи давлатдорӣ дорад. Имрӯз мо дар ин минтақа бо осори пеш аз мелод мувоҷеҳ шудем. Яъне ин кишвар пири солхӯрдаест, ки ҳодисаҳои сангин аз сараш гузаронда. Хушҳолем, дар ин мардум рӯҳияе вуҷуд дорад, ки аз ниёгон, фарҳанг, маданияташон посдорӣ мекунад. Дар ин ҷо осори тамаддунии марбут ба чаҳорсади пеш аз милод мебинем, ки дар минтақаи Қубодиён ҷамъоварӣ шуда. Аз истиқболи гарми мардуми тоҷик сипосгузорем”.
Маҳмуди Олам – профессори донишгоҳи ба номи Ҷ. Неҳру (Ҳиндустон):
“Мо қиссаи Сикандару Доро нахондаем,
Аз мо ба ҷуз ҳикояти меҳру вафо мапурс.
Бо вуҷуди ин ки ин аввалин сафари ман ба сарзамини ҷадду ҳамҷадди ман ҳаст, аз лаҳзаи нахустин қадам дар хоки он ва то ин дам истиқболи гарм эҳсос дорам. Махсусан дар сарзамини Носири Хусрав ва Тахти Сангин, ки дидор кардаам, хеле хурсандам. Дар ин рӯзҳо худ шоҳид будам, ки кишвари Шумо дар пешрафту тараққист. Ҳангоми бозгашт, албатта, дар рӯзномаҳои Ҳиндустон аз ин хусус мақолаҳо хоҳам ба нашр расонд. Ду-се маротиба бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудам. Он хеле самимию гуворо буд”.
Лоренс Манфред – мудири кафедраи эроншиносии донишгоҳи ба номи Ҳумболд. (Олмон): “Дар Тоҷикистон бисёр сафар доштам. Аз ободу зебо гаштани ин сарзамин хеле мамнунам. Ҳангоми донишҷӯиям «Сафарнома»-и Носири Хусравро мутолиа намудам. Баъд ҳангоми корҳои илмӣ аз асарҳои Носири Хусрав истифода бурдам. Носири Хусрав намояндаи аслии забони дарии Осиёи Марказӣ будааст. Ин ишора мешавад барои он ки ин ҷо маркази забони софи тоҷикӣ ҳисоб меёбад ва Носири Хусрав донандаи хуби он буд.
«Сафарнома»-ҳо барои инкишофи адабиёти классик аҳамияти калон доранд. Ин бахши забони наср бештар хислату чигунагии забони шуморо нишон медиҳад. Аз ин рӯ барои мо Носири Хусрав на як номи калон дар феҳрасти адибони форсӣ ҳаст, балки шахсияти барҷаста ҳисоб меёбад.
Мо аз ҳар як пешравии мардуми тоҷик, шодем ва хоҳони сулҳу ваҳдати ин сарзаминем”.
Озарахши Ҳофизӣ (Олмон): “Аз истиқболу пешвози самимона ва меҳрубононаи шумо сипосгузорем. Мо ҳар вақте ки ба Тоҷикистони азиз омадаем, бо меҳмоннавозии фаровоне рӯ ба рӯ шудаем, ки ҷои сипос ва қадрдонӣ дорад. Мо хушбахтем, ки дар шаҳри бостонии Қубодиён – зодгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ – яке аз бузургони андеша ва шеъри қаламрави фарҳанги мо омадаем ва аз наздик бо шумо ҳамзабонон ва наздикони он дидор мекунам”.
Масъуди Сипанд (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) аз ин диданҳою мулоқоти самимӣ, ҷойҳои таърихии аҷдодонаш ба илҳом омада шеъре эҷод намуд ва ба ҳамзабононаш бахшид:
МАН ОРЁИЯМ!
Аз насли офтоб
Аз шаҳди моҳтоб
Аз авҷи қалъаҳои сарфароз
Аз қаъри дарраҳои дилафрӯз
Хоки вуҷуди ман
Анбӯҳе аз ғубори тамомии қарнҳост
К - аз гирдоби ҳодисаҳо ҷон гирифтааст
Гармои дасти ман
Аз ҳурми даштҳои таболуд мондааст
Барқи нигоҳи ман
Ойини меҳрро
Аз чашми чашмаҳои сафобахш хондааст
Ман ориёиям
Аз насли офтоб
Хуршед нурро
Дар чорсӯи синаи ман ҷор мезанад
Ҳар кас ба вусъи хеш
Меҳр аз сафову содагиям бор мезанад
Ман орёиям...
Масъуди Сипанд дар ин шеъраш нисбати диёри ниёгонаш бо дарду алам мегӯяд. Аз дуриҳо дар ёди меҳанаш буд ва шодияш интиҳо надошт, ки по бар хоки он мондаву мардумаш ӯро дар оғӯши гарм истиқбол карда. Шод аз он аст, ки ин сарзамини куҳанбунёдро ободу мардумашро муттафиқу бо ҳам якҷо мебинад.

Аъзам Мӯсоев,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий