Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли ифтихор шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, рӯзгори обод, саодати хонаводагӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзу менамоям.
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик, заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари маҳбубамон роҳи пурифтихори рушду созандагиро тай намуда, ба марҳилаи нави тараққиёти устувор ворид гардид.
Вилояти Хатлон низ ҳамчун яке аз минтақаҳои калидии мамлакат дар ин раванди созандагӣ саҳми арзишманд гузошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардидааст.
Мояи ифтихори бузург аст, ки ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии ҳудуди вилоят таҳти унвони «Хуттали қадим» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, арзиши баланди таърихию фарҳангии Хатлон ва саҳми онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ собит менамояд.
Вилояти Хатлон ҳамчун меросбари таъриху тамаддуни бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик дорои имкониятҳои бузурги сайёҳиву фарҳангӣ мебошад. Осори зиёди таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва мероси фарҳангии он сарвати бебаҳои миллӣ ба шумор мераванд. Ҳифзу эҳё ва муаррифии ин мероси гаронбаҳо дар арсаи байналмилалӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Мардуми бонангу номус ва қавииродаи вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар раванди таҳкими сулҳу ваҳдат, барқарорсозӣ ва созандагии кишвар саҳми таърихӣ гузоштанд. Имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба шарофати тадбирҳои созандаи давлат, меҳнати содиқонаи мардум ва фаъолияти соҳибкорони ватандӯст рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодаанд.
Ҳар як корхонаи нав, ҳар як мактабу беморхона, ҳар як роҳи мумфаршшуда, пул, майдончаи варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ рамзи ободии Ватан ва натиҷаи заҳмати якдилонаи мардуми мост.
Дар ин замина, саҳми соҳибкорон у шахсони саховатпеша дар корҳои ободониву созандагӣ низ шоистаи таҳсин мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид намуданд, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаи мамлакат дар бунёду навсозии ҳазорон иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим саҳми арзишманд гузоштаанд.
Истиқлолт барои мо танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодии давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва фардои миллат мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ваҳдату якдилӣ ва ободкорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда, сулҳу ваҳдати миллӣ устувор, Ватани маҳбубамон ҳамеша ободу осуда ва мардуми шарафманди тоҷик сарбаланду саодатманд бошанд!
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



